3 Оё чӯбе аз он барои кардани коре гирифта мешавад? Оё мехе аз он мегиранд, то ки чизе бар он биовезанд?
Ва чунон ки анҷирҳои бадро ба сабаби бадии онҳо хӯрдан мумкин нест, — мегӯяд Худованд, — ончунон Ман Сидқиё подшоҳи Яҳудо ва мирони ӯ ва бақияи Ерусалимро, ки дар ин замин боқӣ мондаанд, ва онҳоеро, ки дар замини Миср сокинанд, хоҳам гардонид;
«Эй писари одам! Дарахти ток аз ҳар дарахт чӣ бартарӣ дорад, ва навдаи он, ки дар миёни дарахтони ҷангал бошад?
Инак, онро барои сӯзонидан дар оташ меандозанд, ва оташ ду нӯгашро месӯзонад, ва миёнаи он нимсӯз мешавад; оё он барои коре боб аст?
Шумо намаки ҷаҳон ҳастед. Лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад? Дигар ҳеҷ кор намеояд, ҷуз он ки ба берун партофта шавад ва поймоли мардум гардад.
Намак хуб аст; лекин агар намак шӯр набошад, бо чӣ шумо онро ислоҳ мекунед? Пас дар худ намак бидоред, ва бо якдигар муросо кунед».
Ва Ёил, зани Ҳобар, мехи хаймаро кашида гирифт, ва болғаро ба дасти худ гирифта, оҳистаяк назди вай омад, ва мехро ба чаккаи вай кӯфт, ба тавре ки неши он ба замин фурӯ рафт; вай, ки ба сабаби мондагии худ дар хоби сахт буд, мурд.