2 «Эй писари одам! Дарахти ток аз ҳар дарахт чӣ бартарӣ дорад, ва навдаи он, ки дар миёни дарахтони ҷангал бошад?
Дарахти анҷир бор гирифтааст, ва токҳо ғӯра баста, роиҳаи хуш медиҳад. Эй ёри ман, эй нозанини ман, бархез ва биё!
Шағолҳоро — шағолҳои хурдеро, ки ба токзорҳо зарар меоваранд, — барои мо дастгир кунед, чунки токзорҳои мо ғӯра бастааст.
Ба боғи чормағз фурӯд омадам, то ки сабзазори водиро тамошо кунам, то бубинам, ки оё ток гул кардааст, ва оё анор муғҷа кушодааст?
Биё, эй маҳбуби ман, ба сайри саҳро бароем, дар деҳот шаб гузаронем,
Тараннум намо, эй афлок, зеро ки Худованд инро ба амал овардааст. Нидо кунед, эй умқҳои замин, бо шодӣ овоз баланд кунед, эй кӯҳҳо ва ҷангалҳо ва ҳар дарахте ки дар онҳо бошад, зеро ки Худованд Яъқубро раҳонидааст, ва дар Исроил ҷалол хоҳад ёфт.
Аммо Ман туро ҳамчун рази асил, ҳамчун тухме ки комилан некӯст, кошта будам; пас, чӣ тавр ту барои Ман ба токи ёбоие мубаддал шудаӣ?
Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
Оё чӯбе аз он барои кардани коре гирифта мешавад? Оё мехе аз он мегиранд, то ки чизе бар он биовезанд?
Вале бо ғазаб решакан карда бар замин андохта шуд, ва боди шарқӣ онро хушконид; шохаҳои бақуввати он шикаста, хушк шуд, ва оташ онҳоро сӯзонид.
Исроил токи сершохаест, ки меваи ба худаш муносибе меоварад; ба андозаи фаровонии меваи худ қурбонгоҳҳои зиёде сохтааст; баробари афзудани нозу неъмати заминаш сутунҳоро хубтар зебу зинат додаанд.
Бинобар ин, аз боиси шумо, Сион мисли саҳро шудгор хоҳад шуд, ва Ерусалим ба харобазор, ва кӯҳи Хона ба баландиҳои ҷангалзор мубаддал хоҳад гардид.
Вовайло намо, эй сарв, зеро ки арз фурӯ ғалтидааст, зеро ки дарахтони боҳашамат валангор гардидааст; вовайло кунед, эй булутҳои Бошон, зеро ки ҷангалистони анбӯҳ ба залолат афтодааст.