Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳизқиёл 10:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва ҳангоме ки он мард дохил шуд, каррубиён ба тарафи рости маъбад истода буданд, ва абр саҳни дохилиро пур кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳизқиёл 10:3
7 Iomraidhean Croise  

Ва Одамро бадар ронд, ва ба тарафи шарқии боғи Адан каррубиёнро, ва шамшери оташбори чархзанандаро гузошт, то ки роҳи дарахти ҳаётро нигаҳбонӣ кунанд.


Ва ду каррубӣ аз тилло бисоз, — онҳоро яклухт, аз ду канори сарпӯш бисоз.


Ва ҷалоли Худованд аз дарвозае ки рӯ ба ҷониби шарқ буд, ба маъбад даромад.


Худованд Худо чунин мегӯяд: дарвозаи саҳни дохилӣ, ки рӯ ба ҷониби шарқ аст, бояд дар шаш рӯзи кор баста бошад, ва дар рӯзи шанбе кушода шавад, ва дар рӯзи навмоҳ кушода шавад.


Ва маро ба саҳни дохилии хонаи Худованд овард, ва инак назди дари даромади толори маъбади Худованд, дар миёни равоқ ва қурбонгоҳ, тақрибан бисту панҷ кас истодаанд, ки пуштҳошон ба толори маъбади Худованд ва рӯйҳошон ба тарафи шарқ мебошад, ва онҳо ба тарафи шарқ ба офтоб саҷда мекунанд.


Ва чизе мисли даст дароз карда, маро аз мӯи сарам қапид, ва Рӯҳи Худо маро дар мобайни замин ва осмон бардошт, ва маро дар рӯъёҳои Худо ба Ерусалим, ба даҳани дарвозаи дохилӣ, ки рӯ ба ҷониби шимол буд, овард, ки дар он ҷо бути рашки рашкангез гузошта шуда буд.


Ва ҷалоли Худои Исроил аз болои каррубӣ, ки бар он буд, ба остонаи маъбад баромад; ва он мардро, ки либоси катон дар тан дошт, ва лавозимоти хатнависӣ дар камараш буд, даъват намуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan