Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳизқиёл 1:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва ман дидам, ва инак боди тунде аз шимол вазид, ва абри бузург ва оташи фурӯзон, ва дурахше гирдогирдаш буд; ва аз дарунаш, яъне аз даруни оташ, чизе мисли барқ дурахшон буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳизқиёл 1:4
35 Iomraidhean Croise  

Ва гуфт: «Берун ой ва бар кӯҳ ба ҳузури Худованд биист». Ва инак, Худованд убур менамояд, ва боди азим ва пурзӯре кӯҳҳоро ба ҳузури Худованд аз ҳам ҷудо ва сахраҳоро пора‐пора мекунад, вале Худованд дар бод нест. Ва баъд аз бод — зилзилае, вале Худованд дар зилзила нест.


Ва ҳангоме ки онҳо қадам зада мерафтанду сухан меронданд, инак, аробаи оташин ва аспони оташин пайдо шуда, онҳоро аз якдигар ҷудо карданд, ва Ильёс дар гирдбод ба осмон сууд намуд.


Ва ин карнайнавозон ва муғанниён мисли як тан барои ҳамду санои Худованд якдилона овоз мебароварданд, ва ҳамин ки садои карнайҳо ва санҷҳо ва дигар асбоби мусиқиро баланд карда, Худовандро ҳамд гуфтанд, ки Ӯ некӯст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст, — он гоҳ хона, хонаи Худованд, аз абр пур шуд,


Ва Худованд ба Айюб аз миёни тундбод ҷавоб гардонда, гуфт:


Ба ман, эй Худо, аз рӯи лутфи Худ марҳамат намо, ва ҷиноятҳоямро аз рӯи фаровонии марҳаматҳои Худ маҳв кун.


Ва жола буд, ва барқ буд, ки андаруни жола забона мезад, ва жола бағоят сахт буд, ки мисли он дар тамоми замини Миср, аз замоне ки мулки халқе шуда буд, наборидааст.


Ваҳй дар бораи Миср. Инак, Худованд бар абри сабукрав савор шуда, ба Миср меояд. Ва аз ҳузури Ӯ бутҳои Миср ба ларза хоҳанд афтод, ва дили Миср андаруни вай заиф хоҳад шуд.


Ваҳй дар бораи биёбони назди баҳр. Мисли гирдбодҳое ки дар ҷануб мевазад, вай аз биёбон, аз замини пурдаҳшат меояд.


Инак, тундбоде бошиддат вазида, хашми Худованд берун омадааст, ва тундбод чарх зада, бар сари шарирон фурӯд хоҳад омад.


Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: инак, мусибат аз халқе ба халқе мегузарад, ва тундбоди азиме аз ақсои замин бармехезад.


Инак, Ман мефиристам ва ҳамаи қабилаҳои шимолро бо бандаи Худ Набукаднесар подшоҳи Бобил гирифта, онҳоро бар ин замин ва бар сокинонаш ва бар ҳамаи халқҳои гирду атрофи он меоварам; ва онҳоро талаф намуда, даҳшат ва масхара ва харобазори абадӣ мегардонам.


Байрақе ба ҷониби Сион барафрозед, сӯи истеҳкомҳо биравед, таваққуф накунед, зеро ки Ман мусибате ва таҳлукаи бузурге аз шимол меоварам.


Эй банӣ‐Биньёмин! Аз даруни Ерусалим бигрезед, ва дар Тақӯо шох навозед, ва бар Байт‐Ҳакерем аломате бо оташ баланд кунед, зеро ки мусибате аз ҷониби шимол ва таҳлукаи бузурге падид меояд.


Ва чизе мисли барқ дурахшон дидам, ки доирае мисли намуди оташ гирдогирди он буд, — аз намуди камари ӯ ба тарафи боло; ва аз намуди камари ӯ ба тарафи поён мисли намуди оташ дидам, ва дурахше гирдогирдаш буд.


Пас ба онҳое ки бо лои нобоб андова мекунанд, бигӯй, ки он тавора хоҳад афтод; борони сел хоҳад борид, ва шумо, эй сангҳои жола, фурӯ хоҳед рехт, ва боди сахт онро хоҳад шикофт.


Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман дар ғазаби Худ боди сахтро ба шикофтан амр хоҳам кард, ва дар хашми Ман борони сел хоҳад борид, ва сангҳои жола низ дар ғазаби ҳалокатовар.


Ва мисли намуди он рӯъёе буд, ки ман дида будам, яъне мисли он рӯъёе ки дар вақти омаданам барои харобии ин шаҳр, дида будам, ва рӯъёҳо мисли он рӯъёе буд, ки назди наҳри Кабар дида будам; ва бар рӯи худ афтодам.


Ва ман дидам, ки инак сурате мисли намуди оташ буд; аз намуди камараш то поён — оташ, ва аз камараш то боло мисли намуди дурахше, мисли барқе буд.


Он ки аспони сиёҳмушкин дорад, онҳо сӯи замини шимол берун мераванд, ва аспони сафед ба машриқзамин берун мераванд, ва аспони абраш сӯи замини ҷануб берун мераванд.


Чунки Худои мо оташи фурӯбаранда аст.


Ва пойҳои Ӯ монанди мисе ки дар кӯра сурх шуда бошад; ва овози Ӯ мисли шувваси обҳои бисьёр;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan