Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳизқиёл 1:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Каломи Худованд бар Ҳизқиёл ибни Бузии коҳин дар замини калдониён назди наҳри Кабар нозил шуд; ва дасти Худованд дар он ҷо бар ӯ ниҳода шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳизқиёл 1:3
23 Iomraidhean Croise  

Ва дасти Худованд бар Ильёс буд, ва ӯ камари худро баста, пешопеши Аҳъоб то даромадгоҳи Изреъил давид.


Ва алҳол мутрибе барои ман биёред». Ва ҳамин ки мутриб ба навохтан сар кард, дасти Худованд бар вай омад.


Таронаи Довуд. Бо тамоми дилам Туро ҳамд хоҳам гуфт; дар рӯ ба рӯи худоён Туро хоҳам сароид.


Ки дар айёми Йӯшиё ибни Амӯн подшоҳи Яҳудо, дар соли сездаҳуми подшоҳии вай, каломи Худованд бар ӯ нозил шуд,


Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:


Шумо мегӯед: „Худованд барои мо дар Бобил анбиё ба майдон овардааст“.


Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли сиюм, дар рӯзи панҷуми моҳи чорум, вақте ки ман дар миёни ҷалои ватан шудагон назди наҳри Кабар будам, осмон кушода шуд, ва ман рӯъёҳои Худоро дидам.


Ва каррубиён сууд карданд. Ин ҳамон ҳайвоне буд, ки назди наҳри Кабар дида будам.


Ва Ман доми Худро бар ӯ хоҳам афканд, ва ӯ дар тӯри Ман хоҳад афтод, ва ӯро ба Бобил, ба замини калдониён хоҳам овард, ва ӯ онро нахоҳад дид, ва дар он ҷо хоҳад мурд.


Ва Рӯҳи Худо маро бардошта бурд, ва ман бо талхӣ ва изтироби рӯҳи худ мерафтам, ва дасти Худованд бар ман қавӣ буд.


Ва назди ҷалои ватан шудагони Тал‐Абиб, ки дар соҳили наҳри Кабар сокин буданд, ва ба ҷойҳое ки онҳо менишастанд, омадам; ва он ҷо дар миёни онҳо ҳафт рӯз нишастам, дар ҳолате ки моту мабҳут будам.


Ва дар он ҷо дасти Худованд бар ман ниҳода шуд, ва Ӯ ба ман гуфт: «Бархоста, сӯи даштрӯя бирав, ва дар он ҷо Ман бо ту сухан хоҳам ронд».


Ва ман бархоста, сӯи даштрӯя равона шудам, ва инак дар он ҷо ҷалоли Худованд, мисли ҷалоле ки назди наҳри Кабар дида будам, истодааст, ва ман бар рӯи худ афтодам.


Ва дасти Худованд шомгоҳ, пеш аз омадани он растагор, бар ман ниҳода шуда буд, ва Ӯ даҳони маро пеш аз он ки вай бомдодон назди ман ояд, кушода буд; ва даҳонам кушода шуд, ва ман дигар лол набудам.


Дасти Худованд бар ман ниҳода шуд, ва маро дар рӯҳи Худованд берун овард, ва маро андаруни даштрӯя гузошт, ва он аз устухонҳо пур буд.


Дар соли бисту панҷуми ҷалои ватан шудани мо, дар ибтидои сол, дар рӯзи даҳуми моҳ, дар соли чордаҳум баъд аз хароб шудани шаҳр, дар худи ҳамон рӯз дасти Худованд бар ман ниҳода шуд, ва Ӯ маро ба он ҷо бурд.


Ва мисли намуди он рӯъёе буд, ки ман дида будам, яъне мисли он рӯъёе ки дар вақти омаданам барои харобии ин шаҳр, дида будам, ва рӯъёҳо мисли он рӯъёе буд, ки назди наҳри Кабар дида будам; ва бар рӯи худ афтодам.


Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли шашум, дар рӯзи панҷуми моҳи шашум, ман дар хонаи худ нишаста будам, ва пирони Яҳудо пеши ман нишаста буданд, ва дар он ҷо дасти Худованд Худо бар ман фурӯд омад.


Ва дар рӯзи бисту чоруми моҳи якум ман дар канори наҳри бузурги Даҷла будам.


Каломи Худованд, ки дар айёми Узиё, Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, ва дар айёми Ёробъом ибни Юош, подшоҳи Исроил, бар Ҳушаъ ибни Баэрӣ нозил шуд.


Каломи Худованд, ки бар Юил ибни Фатуил нозил шуд.


Аммо Рӯҳ кушоду равшан мегӯяд, ки дар замонҳои охир баъзе касон аз имон баргашта, ба арвоҳи фиребанда ва таълимоти шаётин гӯш хоҳанд андохт,


Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan