Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳизқиёл 1:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли сиюм, дар рӯзи панҷуми моҳи чорум, вақте ки ман дар миёни ҷалои ватан шудагон назди наҳри Кабар будам, осмон кушода шуд, ва ман рӯъёҳои Худоро дидам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳизқиёл 1:1
39 Iomraidhean Croise  

Баъд аз ин ҳодисаҳо каломи Худованд дар рӯъё ба Абром расида, гуфт: «Натарс, эй Абром; Ман сипари ту ҳастам; музди ту бағоят бузург аст».


Ва Худо дар рӯъёи шаб ба Исроил хитоб карда, гуфт «Яъқуб, Яъқуб!» Гуфт: «Лаббай!»


Таронаи Довуд. Бо тамоми дилам Туро ҳамд хоҳам гуфт; дар рӯ ба рӯи худоён Туро хоҳам сароид.


Ва онҳо Худои Исроилро диданд, ва зери поҳои Ӯ чизе монанди хиштҳои ёқути кабуд, ва мисли асли осмон зулол буд.


Рӯъёи Ишаъё ибни Омӯс, ки онро дар бораи Яҳудо ва Ерусалим дар айёми Узиё, Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, дидааст.


Дар соле ки подшоҳ Узиё вафот кард, Худовандро дидам, ки бар курсии баланд ва олӣ нишаста буд, ва домони Ӯ маъбадро пур карда буд.


Шумо мегӯед: „Худованд барои мо дар Бобил анбиё ба майдон овардааст“.


Каломи Худованд бар Ҳизқиёл ибни Бузии коҳин дар замини калдониён назди наҳри Кабар нозил шуд; ва дасти Худованд дар он ҷо бар ӯ ниҳода шуд.


Ва ман дидам, ва инак бар фалаке ки болои сари каррубиён буд, чизе мисли санги ёқути кабуд, мисли намуди сурати тахт бар онҳо намудор шуд.


Ва намудашон тавре буд, ки ҳар чорашон як сурат доштанд, гӯё ки чархе тақотӯи чарх бошад.


Ва каррубиён сууд карданд. Ин ҳамон ҳайвоне буд, ки назди наҳри Кабар дида будам.


Ин ҳамои ҳайвоне буд, ки зери пои Худои Исроил назди наҳри Кабар дида будам, ва ман донистам, ки инҳо каррубиёнанд.


Ва сурати рӯйҳошон ҳамон рӯйҳое буд, ки назди наҳри Кабар дида будам; намуди онҳо айни ҳамон буд; ҳар кадомашон ба самти рӯи худ мерафтанд.


Ва дар рӯъё Рӯҳи Худо маро бардошт ва ба кишвари калдониён назди ҷалои ватан шудагон овард; ва рӯъёе ки ман дидам, аз ман ғоиб шуд;


Ва назди ҷалои ватан шудагони Тал‐Абиб, ки дар соҳили наҳри Кабар сокин буданд, ва ба ҷойҳое ки онҳо менишастанд, омадам; ва он ҷо дар миёни онҳо ҳафт рӯз нишастам, дар ҳолате ки моту мабҳут будам.


Ва ман бархоста, сӯи даштрӯя равона шудам, ва инак дар он ҷо ҷалоли Худованд, мисли ҷалоле ки назди наҳри Кабар дида будам, истодааст, ва ман бар рӯи худ афтодам.


Дар рӯъёҳои Худо маро ба замини Исроил овард, ва маро бар кӯҳи бағоят баланде гузошт, ки бар он аз ҷануб мисли биноҳои шаҳр намоён буд.


Ва мисли намуди он рӯъёе буд, ки ман дида будам, яъне мисли он рӯъёе ки дар вақти омаданам барои харобии ин шаҳр, дида будам, ва рӯъёҳо мисли он рӯъёе буд, ки назди наҳри Кабар дида будам; ва бар рӯи худ афтодам.


Ва чизе мисли даст дароз карда, маро аз мӯи сарам қапид, ва Рӯҳи Худо маро дар мобайни замин ва осмон бардошт, ва маро дар рӯъёҳои Худо ба Ерусалим, ба даҳани дарвозаи дохилӣ, ки рӯ ба ҷониби шимол буд, овард, ки дар он ҷо бути рашки рашкангез гузошта шуда буд.


Ва Ман ба анбиё сухан рондам, ва рӯъёҳоро афзун кардам, ва ба воситаи анбиё масалҳоро ба кор бурдам.


Ва баъд аз он чунин воқеъ хоҳад шуд, ки Ман Рӯҳи Худро бар тамоми башар хоҳам рехт, ва писарони шумо ва духтарони шумо нубувват хоҳанд намуд; пирони шумо хобҳо хоҳанд дид, ҷавонони шумо рӯъёҳо хоҳанд дид.


Ва Ӯ гуфт: «Суханони Маро бишнавед: агар дар миёни шумо набии Худованд бошад, Ман дар рӯъё ба вай зоҳир мешавам, дар хоб бо вай сухан меронам.


Аз сисола ва болотар ва то панҷоҳсола, ҳамаи онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд.


Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуда, гуфт: «То Писари Одам аз мурдагон эҳьё нашавад, ин рӯъёро ба касе нагӯед».


Ва Исо таъмид ёфта, дарҳол аз об баромад, ва инак, осмон ба рӯи Ӯ кушода шуд, ва Рӯҳи Худоро дид, ки чун кабӯтаре нозил шуда, бар Ӯ қарор мегирад.


Чун аз об баромад, дарҳол осмонро дид, ки шикофта аст, ва Рӯҳро, ки монанди кабӯтаре бар Ӯ нозил мешавад.


Ҳангоме ки тамоми мардум таъмид меёфтанд, ва Исо низ таъмид ёфта, дуо мегуфт, осмон кушода шуд,


Ва Исо, вақте ки ба хизмати Худ шурӯъ намуд, тақрибан сисола буд, ва, чунон ки гумон мекарданд, писари Юсуф ибни Элӣ,


Ва ба вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: минбаъд осмонро кушода ва фариштагони Худоро, ки бар Писари Одам сууд ва нузул мекунанд, хоҳед дид».


Ва осмонро кушода дид, ва инак зарфе сӯи ӯ нозил мешуд, монанди суфраи калоне ки аз чор гӯшааш овезон ба замин мефуромада бошад;


Рӯзе, тақрибан соати нӯҳ, фариштаи Худоро ошкоро дар рӯъё дид, ки назди ӯ омада, гуфт: «Эй Корнилюс!»


Ва гуфт: «Инак, осмонро кушода ва Писари Одамро ба ямини Худо истода мебинам».


Агарчи фахр карданам фоида надорад, ба рӯъёҳо ва ваҳйҳои Худованд меоям.


Ва осмони кушодаро дидам, ва инак, аспи сафед, ва Савори он Амин ва Ҳақ ном дорад, ва Ӯ аз рӯи адолат доварӣ мекунад ва меҷангад.


Баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, даре бар осмон кушода шуд, ва он овози пештара, ки ҳамчун садои карнай шунида будам, ки бо ман сухан меронд, гуфт: «Ба ин ҷо сууд намо, то он чиро, ки баъд аз ин бояд ба вуқӯъ ояд, ба ту нишон диҳам».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan