4 Фақат гӯштро бо ҷони он, яъне бо хуни он, нахӯред.
Бинобар ин ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: гӯштро бо хуни он мехӯред, ва чашмони худро сӯи бутҳои худ баланд мекунед, ва хун мерезед, — оё ин заминро мерос хоҳед гирифт?
Ҳеҷ чизро бо хун нахӯред; фол накушоед ва афсун накунед.
Қонуни абадӣ барои ҳамаи наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо ин аст, ки ҳеҷ чарбу ва ҳеҷ хунро нахӯред».
Ва ҳеҷ хунро, — хоҳ аз они паранда бошад, хоҳ аз они чорпо, — дар масканҳои худ нахӯред.
Балки ба онҳо фақат дастуре бинависем, ки аз наҷосати бутҳо, аз зино, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз хун парҳез кунанд;
Бинобар ин мо якдилона ба қароре омадем, ки чанд нафарро интихоб намуда, назди шумо равона кунем, ҳамроҳи азизони худ Барнаббо ва Павлус,
Аз қурбониҳои бутҳо, аз ҳун, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз зино парҳез кунед; ҳар гоҳ аз ин чизҳо худро нигоҳ доред, кори хубе мекунед. Саломат бошед».
Лекин хунро нахӯред; онро мисли об бар замин бирезед.
Фақат эҳтиёт бош, ки хунро нахӯрӣ, зеро ки хун ҷон аст, ва ту ҷонро бо гӯшт нахӯр.
Ҳеҷ лошаро нахӯред; ба ғарибе ки дар шаҳри туст, бидеҳ, то ки бихӯрад, ё ба аҷнабие бифрӯш; зеро ки ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ. Бузғоларо дар шири модари он напаз.
Лекин хуни онро нахӯр: онро мисли об бар замин бирез.
Зеро ки ҳар офаридаи Худо хуб аст, ва ҳеҷ чиз набояд рад карда шавад, агар онро бо шукргузорӣ бихӯранд,
Ва қавм ба ғанимат дарафтоданд, ва бузу гӯсфандон ва гову гӯсолаҳоро гирифта, бар замин куштанд, ва кавм гӯштро бо хуни он хӯрданд.