Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 9:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ҳар ҷунбандае ки зинда аст, барои шумо ғизо бошад; ҳамаро чун алафи сабз ба шумо додам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 9:3
18 Iomraidhean Croise  

Ва ҳайбати шумо ва салобати шумо бар ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшии замин, ва бар ҳамаи паррандагони осмон, ва бар ҳар чӣ бар замин мехазад, ва бар ҳамаи моҳиёни баҳр хоҳад буд; онҳо ба дасти шумо супурда шуданд.


Лоша ва даридашударо набояд ӯ бихӯрад, то ки начис нашавад. Ман Худованд ҳастам.


Ман медонам ва дар Исои Худованд яқин дорам, ки ҳеҷ як чиз ба худии худ наҷис нест; фақат барои касе ки чизеро наҷис мешуморад, он наҷис аст.


Зеро ки Малакути Худо аз хӯрдан ва нӯшидан иборат нест, балки адолат, сулху осоиштагӣ ва шодмонӣ дар Рӯҳулқудс аст.


Аз барои хӯрок кори Худоро вайрон накун. Ҳама чиз пок аст, лекин агар ба сабаби хӯрдан касе ба васваса афтад, ин кор савоб надорад.


Касе ки мехӯрад, набояд он касро, ки намехӯрад, хор шуморад; ва касе ки намехӯрад, набояд он касро, ки мехӯрад, маҳкум кунад: чунки Худо ӯро қабул кардааст.


Ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз обод мекунад.


Хуллас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред.


Аммо гӯштро, мувофиқи тамоми ҳаваси дили худ, бар ҳасби баракате ки Худованд Худоят ба ту бидиҳад, дар ҳамаи шаҳрҳои худ забҳ намуда, бихӯр; шахсони наҷис ва пок метавонанд аз он бихӯранд, чунон ки аз гӯшти ғизол ва оҳу мехӯранд.


Пас, бигзор касе шуморо барои хӯрок ва нӯшокӣ, ё дар масъалаи ид, ё навмоҳ, ё шанбе маҳкум накунад:


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan