Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 9:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва ҳайбати шумо ва салобати шумо бар ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшии замин, ва бар ҳамаи паррандагони осмон, ва бар ҳар чӣ бар замин мехазад, ва бар ҳамаи моҳиёни баҳр хоҳад буд; онҳо ба дасти шумо супурда шуданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 9:2
16 Iomraidhean Croise  

Ва Худо наҳангони бузург ва ҳар гуна ҷонварҳои хазандаро, ки об аз онҳо мувофиқи ҷинсашон пур шуд, ва ҳар гуна паррандагони болдорро мувофиқи ҷинсашон офарид. Ва Худо дид, ки хуб аст.


Ва Худо гуфт: «Одамро ба сурати Мо, ба шабоҳати Мо биофарем; ва онҳо бар моҳиёни баҳр, ва бар паррандагони осмон, ва бар чорпоён, ва бар тамоми замин, ва бар тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, ҳукм ронанд».


Ва Худо онҳоро баракат дод, ва Худо ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед».


Ва Худованд Худо ҳар ҳайвони саҳро ва ҳар паррандаи осмонро аз хок бисиришт ва назди одам овард, то бубинад, ки онро чӣ гуна хоҳад хонд, ва он чи одам ҳар ҷони зиндаро бихонад, номи вай ҳамон шавад.


Ва кӯч карданд. Ва ваҳми Худо бар шаҳрҳои гирду пеши онҳо буд, ва банӣ‐Яъқубро таъқиб накарданд.


Ва Худо Нӯҳ ва писаронашро баракат дода, ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед.


Ҳар ҷунбандае ки зинда аст, барои шумо ғизо бошад; ҳамаро чун алафи сабз ба шумо додам.


Оё ба вай, ба сабаби пурқувват буданаш, умед хоҳӣ баст, ва кори худро ба вай ҳавола хоҳӣ кард?


Ва барои онҳо аҳди сулҳу осоиштагӣ хоҳам баст, ва ҳайвоноти даррандаро аз ин замин нест хоҳам кард, ва онҳо дар биёбон дар амният сокин хоҳанд шуд, ва дар ҷангалҳо хоҳанд хобид.


Ва дар он рӯз Ман барои онҳо бо ҳайвоноти саҳро ва мурғони ҳаво ва ҳашароти замин аҳд хоҳам баст, ва камон ва шамшер ва корзорро аз замин барҳам хоҳам дод, ва онҳоро дар амният хоҳам хобонид.


Ва ҳайвоноти саҳроро бар шумо хоҳам фиристод, то ки фарзандони шуморо нобуд кунанд, ва чорпоёни шуморо талаф намоянд, ва шуморо камшумор гардонанд, ва дар роҳҳои шумо роҳгузаре боқӣ намонад.


Ва ба замин сулҳу осоиштагӣ хоҳам дод, ва ҳангоме ки мехобед, касе шуморо ташвиш нахоҳад дод; ва ҳайвоноти бадро аз заминатон маҳв хоҳам сохт, ва шамшер аз заминатон гузар нахоҳад кард.


Зеро ки ҳама гуна даррандагон ва паррандагон, хазандагон ва ҳайвоноти баҳрӣ ба воситаи одамизод ром мешавад ва ром шудааст,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan