9 Аммо кабӯтар ҷои осоише барои кафи пои худ наёфт, ва назди ӯ ба киштӣ баргашт; зеро ки об дар тамоми рӯи замин буд; ва ӯ дасти худро дароз кард ва онро гирифта, назди худ ба киштӣ даровард.
Ва ҳафт рӯзи дигар таваққуф намуд; ва боз кабӯтарро аз киштӣ сар дод.
Баъд кабӯтарро аз пеши худ сар дод, то бубинад, ки оё об аз рӯи замин фуромадааст.
Инҳо кистанд, ки мисли абр парвоз мекунанд, ва мисли кабӯтарон сӯи равзанҳои худ?
Растагорони онҳо хоҳанд гурехт, ва бар кӯҳҳо мисли кабӯтарони дараҳо хоҳанд буд; ҳар яке аз онҳо ба сабаби гуноҳи худ оҳу нола хоҳанд кард.
Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид;
Ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки дар Ман осоиштагӣ дошта бошед. Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам».
Ва дар миёни он халқҳо ту фароғат нахоҳӣ ёфт, ва барои кафи поят оромӣ нахоҳад буд, ва дар он ҷо Худованд ба ту дили беқарор ва чашмони чор ва ҷони пурозор хоҳад дод.