2 Ва чашмаҳои варта ва равзанҳои осмон баста шуд, ва борон аз осмон бозистод.
Дар соли шашсадуми ҳаёти Нӯҳ, дар моҳи дуюм, дар рӯзи ҳафдаҳуми моҳ, дар ҳамон рӯз ҳамаи чашмаҳои вартаи азим шикофта шуд, ва равзанҳои осмон кушода.
Ва борон чил рӯз ва чил шаб бар рӯи замин борид.
Зеро, баъд аз ҳафт рӯз, Ман чил рӯз ва чил шаб ба замин борон меборонам; ва тамоми махлуқотеро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв мекунам».
Оё ту ба чашмаҳои қаъри баҳр фурӯд омадаӣ? Ва ба интиҳои варта рафта расидаӣ?
Кист, ки бо ҳикмат абрҳоро дар шумор меоварад? Ва кист, ки машкҳои осмонро мегустаронад,
Вақте ки абрҳоро дар боло барқарор менамуд, вақте ки чашмаҳои вартаро мустаҳкам мекард,
Ва гуфт: «Дар тангии худ сӯи Худованд хондам, ва маро иҷобат намуд; аз батни дӯзах истиғоса бурдам, ва Ту овози маро шунидӣ.
Зеро ки ман як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ низ сарбозонро дорам; ба яке мегӯям: „Бирав“, меравад; ба дигаре мегӯям: „Биё“, меояд; ба ғуломи худ мегӯям: „Фалон корро бикун“, мекунад».