12 Ва боз ҳафт рӯзи дигар таваққуф намуда, кабӯтарро сар дод; ва он дигар назди ӯ гашта наомад.
Ва ҳафт рӯзи дигар таваққуф намуд; ва боз кабӯтарро аз киштӣ сар дод.
Ва шомгоҳ кабӯтар назди ӯ баргашт; ва инак, барги тозаи зайтун дар минқори вай; ва Нӯҳ донист, ки об аз рӯи замин фуромадааст.
Ва дар он рӯз хоҳанд гуфт: «Инак, Худои мо, ки ба Ӯ умед бастаем, ва Ӯ моро наҷот хоҳад дод! Ин аст Худованде ки ба Ӯ умед бастаем, пас дар наҷоти Ӯ шодӣ ва хурсандӣ хоҳем кард!»
Ва дар роҳи довариҳои Ту, эй Худованд, мо ба Ту умед бастаем, ва ҷони мо иштиёқманди исми Ту ва зикри Ту мебошад.
Ва аз ин сабаб Худованд даранг менамояд, то шуморо афв кунад; ва аз ин сабаб Ӯ канорагирӣ менамояд, то бар шумо марҳамат кунад; зеро ки Худованд Худои адлу инсоф аст; хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ таваккал мекунанд!
Ва ман ба Худованде ки рӯи Худро аз хонадони Яъқуб пинҳон кардааст, интизорӣ кашида, умедвори Ӯ хоҳам шуд.
Шаҳрҳоро тарк карда, дар сахра сокин шавед, эй сокинони Мӯоб, ва мисли кабӯтаре бошед, ки дар лаби ҷар лона месозад.
Зеро ки рӯъё барои мӯҳлати муайян аст, ва аз фарҷом шаҳодат медиҳад, ва дурӯғ намегӯяд; агар даранг кунад, онро мунтазир шав, зеро ки ҳатман ба амал хоҳад омад, таъхир нахоҳад кард.