10 Ва ҳафт рӯзи дигар таваққуф намуд; ва боз кабӯтарро аз киштӣ сар дод.
Ва баъд аз ҳафт рӯз оби тӯфон бар замин омад.
Зеро, баъд аз ҳафт рӯз, Ман чил рӯз ва чил шаб ба замин борон меборонам; ва тамоми махлуқотеро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв мекунам».
Ва шомгоҳ кабӯтар назди ӯ баргашт; ва инак, барги тозаи зайтун дар минқори вай; ва Нӯҳ донист, ки об аз рӯи замин фуромадааст.
Ва боз ҳафт рӯзи дигар таваққуф намуда, кабӯтарро сар дод; ва он дигар назди ӯ гашта наомад.
Аммо кабӯтар ҷои осоише барои кафи пои худ наёфт, ва назди ӯ ба киштӣ баргашт; зеро ки об дар тамоми рӯи замин буд; ва ӯ дасти худро дароз кард ва онро гирифта, назди худ ба киштӣ даровард.
Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
Ва дар роҳи довариҳои Ту, эй Худованд, мо ба Ту умед бастаем, ва ҷони мо иштиёқманди исми Ту ва зикри Ту мебошад.
Ва ман ба Худованде ки рӯи Худро аз хонадони Яъқуб пинҳон кардааст, интизорӣ кашида, умедвори Ӯ хоҳам шуд.
Аммо агар мо дар умеди чизе бошем, ки онро намебинем, бо сабр мунтазираш мешавем.