Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 8:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва Худо Нӯҳ ва ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшӣ ва ҳамаи чорпоёнро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, ба ёд овард; ва Худо боде бар замин вазонид, ва об фурӯ нишаст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 8:1
35 Iomraidhean Croise  

Ва ҳангоме ки Худо шаҳрҳои водиро маҳв мекард, Худо Иброҳимро ба хотир овард, ва Лутро аз миёни он харобӣ берун кард дар ҳини вожгун сохтани шаҳрҳое ки Лут дар онҳо иқомат дошт.


Ва Худо Роҳелро ба ёд овард, ва дуои ӯро шунид, ва батни ӯро кушод.


Ва бо ҳар ҷони зиндае ки бо шумо бошад, бо паррандагон, бо чорпоён ва бо ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшии замин, ки бо шумо бошанд, бо ҳар он чи аз киштӣ берун омад, бо ҳамаи ҳайвонҳои замин;


Маро, эй Худои ман, барои ин ба ёд овар, ва аъмоли неки маро, ки барои хонаи Худои худ ва барои хизматгузорони он кардаам, маҳв насоз!


Ва ба левизодагон амр фармудам, ки таҳорат карда, барои нигаҳбонии дарвозаҳо биёянд, то ки рӯзи шанберо тақдис намоянд. Инро низ, эй Худои ман, барои ман ба ёд овар ва бар ҳасби марҳамати бузурги Худ бар ман шафқат намо!


Онҳоро, эй Худои ман, барои он ба ёд овар, ки каҳонатро, ва аҳди коҳинон ва левизодагонро палид кардаанд!


Ва овардани ҳадияи ҳезумро дар вақтҳои муайян, ва навбарҳоро низ. Маро, эй Худои ман, ба некӯӣ ба ёд овар!


Инак, обҳоро бозмедорад, ва хушк мешаванд, ва онҳоро сар медиҳад, ва заминро чаппаву роста мекунанд.


Кошки маро дар гӯр руст мекардӣ, то вақти фурӯ нишастани ғазабат пинҳон медоштӣ ва бароям мӯҳлате муайян намуда, пас аз он маро ба ёд меовардӣ!


Ва душманонашон онҳоро ба танг меоварданд, ва зери дасти онҳо гардан мефуроварданд.


Дар биёбон, дар роҳи бероҳа овора буданд; шаҳри маскуне намеёфтанд.


Суруди сууди Довуд. Инак, чӣ хуш аст ва чӣ дилпазир, ки бародарон дар як ҷой ҳамнишин бошанд;


Агарчи андаруни тангӣ роҳ меравам, маро зинда хоҳӣ гардонд; бар хашми душманонам дасти Худро равона хоҳӣ кард, ва ямини Ту маро наҷот хоҳад дод.


Аз хуни ман чӣ фоида, вақте ки ба гӯр фурӯд оям? Оё хок Туро шукрона мегӯяд? Оё ростии Туро ба забон меоварад?


Ва адолати туро мисли нур, ва инсофи туро мисли нимрӯз ба зуҳур хоҳад овард.


Ва Мусо дасти худро бар баҳр дароз кард, ва Худованд баҳрро бо боди шарқии сахте тамоми шаб ба ҳаракат даровард, ва баҳрро хушк гардонид, ва обҳо аз ҳам ҷудо шуд.


Ҳамин ки боди Худро вазонидӣ, баҳр онҳоро пӯшонид: онҳо мисли қӯрғошим дар обҳои азим фурӯ рафтанд.


Ва Худо нолаи онҳоро шунид, ва Худо аҳди Худро, ки бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб баста буд, ба ёд овард.


Боди шимолӣ боронро ба вуҷуд меоварад, ва забони бӯҳтонгӯй — чеҳраҳои хашмгинро.


Ӯ ба варта мегӯяд: «Хушк шав, ва наҳрҳои туро хушк хоҳам кард!»


Хушкоӣ бар обҳои ӯст, ва онҳо хушк хоҳад шуд; зеро ки он замини санамҳост, ва аз бими бутҳо девона хоҳанд шуд.


Худованд ба ифтихори Яъқуб қасам хӯрдааст: «Ҳеҷ яке аз аъмоли онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард!


Ва оё Ман Нинверо — ин шаҳри бузургро — дареғ надорам, ки дар он бештар аз дувоздаҳ бевар одамоне ки дасти росту чапи худро наметавонанд фарқ кунанд, ва ҳайвоноти бисьёре низ ҳастанд?»


Бар баҳр итоб менамояд, ва онро хушк мекунад, ва ҳамаи наҳрҳоро хушконидааст; Бошон ва Кармил пажмурда гаштааст, ва гули Лубнон пажмурда гаштааст.


Худовандо! Овозатро шунидам — ҳаросон шудам. Худовандо! Амали Худро дар солҳои наздик зинда намо, дар солҳои наздик онро зоҳир бисоз; дар вақти ғазаб раҳмро ба ёд овар.


Ва аз баҳри мусибат убур хоҳанд намуд, ва мавҷҳоро дар баҳр зарба хоҳанд зад, ва ҳамаи умқҳои наҳр хушк хоҳад шуд, ва кибри Ашшур ба залолат хоҳад афтод, ва чӯбдасти салтанати Миср нест хоҳад шуд.


Ва ҳангоме ки дар замини худ бар зидди душмани ба танг оварандаи шумо ба ҷанг меравед, карнайҳоро бо садои дуру дароз бинавозед; ва дар ҳузури Худованд Худои худ ба ёд оварда хоҳед шуд, ва аз душманони худ наҷот хоҳед ёфт.


Ва фариштаи Худованд ба ӯ гуфт: «Аз барои чӣ модахари худро ин се карат задӣ? Инак, ман баромадаам, то ки ба ту мамониат расонам, зеро ки ин роҳ ба муддаои табъи ман нест;


Ва шаҳри бузург ба се қисм аз ҳам ҷудо шуд, ва шаҳрҳои халқҳо фурӯ ғалтиданд, ва Бобили бузург дар пеши Худо зикр ёфт, то ки косаи шароби пурхашми ғазаби Худро ба он диҳад.


Зеро ки гуноҳҳои вай то ба осмон расидааст, ва Худо зулмҳои вайро ба хотир овардааст.


Ва онҳо бомдодон бармаҳал бархоста, ба ҳузури Худованд ибодат карданд, ва баргашта, ба хонаи худ ба Ромо омаданд; ва Элқоно бо зани худ Ҳанно хобид, ва Худованд варо ба ёд овард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan