Ва Худованд Худо ҳар ҳайвони саҳро ва ҳар паррандаи осмонро аз хок бисиришт ва назди одам овард, то бубинад, ки онро чӣ гуна хоҳад хонд, ва он чи одам ҳар ҷони зиндаро бихонад, номи вай ҳамон шавад.
Лайлак низ дар осмон мӯҳлатҳои худро медонад, ва қумрӣ ва фароштурук ва турна замони омадани худро риоя мекунанд, Вале қавми ман аҳкоми Худовандро намедонанд.