7 Ва Нӯҳ, ва писаронаш, ва занаш, ва занони писаронаш бо ӯ аз боиси оби тӯфон ба киштӣ даромаданд.
Ва аҳди Худро бо ту барқарор мекунам, ва ба киштӣ медароӣ, ту, ва писаронат, ва занат, ва занони писаронат бо ту.
Ва Худованд ба Нӯҳ гуфт: «Ту ва тамоми аҳли байтат ба киштӣ дароед; зеро ки туро дар ин насл пеши Худам одил дидам.
Шахси бофаросат мусибатро мебинад, ва пинҳон мешавад: вале соддадилон гузашта мераванд, ва ҷазо меёбанд.
Зеро, чӣ тавре ки дар айёми пеш аз тӯфон, то он рӯзе ки Нӯх ба киштӣ даромад, мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мерафтанд,
Мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд, ба шавҳар мерафтанд — то он рӯзе ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, ва тӯфон омада, ҳамаро нобуд кард.
Бо имон Нӯҳ дар хусуси чизе ки ҳанӯз намоён набуд, ваҳй ёфта, бо тарси Худо барои наҷот додани аҳли байти худ киштие бисохт; бо он ӯ ҷаҳонро маҳкум намуд ва вориси адолате гардид, ки аз имон аст.
То бо ду чизи тағьирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеде ки пешниҳод шудааст, часпидаем, тасаллои пурзӯре бошад.
Онҳо пештар беитоат буданд, вақте ки Худо, дар айёми Нӯҳ, пурсаброна интизорӣ мекашид, ҳангоме ки киштӣ соҳта мешуд, ки дар он мардуми каме, яъне ҳашт нафар, аз об наҷот ёфтанд.
Ва ба дуньёи қадим амон надод, балки фақат ҳашт нафар ва аз он ҷумла Нӯҳро, ки воизи адолат буд, маҳфуз дошта, бар олами осиён тӯфон овард;