16 Ва онҳое ки омаданд, нар ва мода аз ҳар махлуқ омаданд, чунон ки Худо ба ӯ фармуда буд. Ва Худованд дарро аз пушти ӯ баст.
Ҷуфт‐ҷуфт аз ҳар махлуқе ки рӯҳи ҳаёт дорад, назди Нӯҳ ба киштӣ омаданд.
Ва тӯфон чил рӯз бар замин давом кард, ва об афзуд, ва киштиро бардошт, ва он аз замин баланд шуд.
Ва Нӯҳ ҳар он чиро, ки Худованд ба ӯ фармуд, ба ҷо овард.
Ҷуфт‐ҷуфт, нар ва мода, назди Нӯҳ ба киштӣ даромаданд, чунон ки Худо ба Нӯҳ фармуда буд.
Инак, Ӯ хароб мекунад, ва он чиз аз нав бино нахоҳад ёфт; касеро бандӣ мекунад, ва банди он кас кушода нахоҳад шуд.
Эй ҳамаи қавмҳо, каф занед! Ба Худо бо овози тараннум бонг занед!
Он гоҳ дар роҳи худ бо амният қадамгузор хоҳӣ шуд, ва пои ту нахоҳад лағжид.
Ва ҳангоме ки онҳо барои харидан рафтанд, домод омад, ва онҳое ки тайёр буданд, бо вай ба тӯи арӯсӣ даромаданд, ва дар баста шуд.
Вақте ки Соҳиби хона бархоста, дарро бандад, шумо дар берун истода, дарро мекӯбеду мегӯед: „Худовандо! Худовандо! Ба мо воз кун“. Вале Ӯ дар ҷавоби шумо хоҳад гуфт: „Шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед“.
Худои азалӣ паноҳгоҳ аст, ва дар поён то абад ҳимоятгар аст; ва душманро аз пеши ту бадар меронад, ва мегӯяд: „Маҳв намо!“
Ки бо қуввати Худо ба воситаи имон нигоҳ дошта мешавед барои наҷоте ки муҳайё шудааст, то ки дар замони охир ба зуҳур ояд.