Ва инак, Ман тӯфони обро бар замин меоварам, то ҳар махлуқеро, ки рӯҳи ҳаёт дар он бошад, аз зери осмон нест кунам; ва ҳар чӣ бар замин аст, хоҳад мурд.
Он саркарда ба марди Худо ҷавоб гардонида, гуфт: «Ҳатто агар Худованд равзанҳо дар осмон бикшояд, оё ин чиз ба амал хоҳад омад?» Ва ӯ гуфт: «Инак, ту бо чашмони худ хоҳӣ дид, валекин аз он нахоҳӣ хӯрд».
Ва саркардае ки подшоҳ бар дасти вай такья менамуд, ба марди Худо ҷавоб гардонида, гуфт: «Ҳатто агар Худованд равзанҳо дар осмон бикшояд, оё ин чиз ба амал хоҳад омад?» Ва ӯ гуфт: «Инак, ту бо чашмони худ хоҳӣ дид, валекин аз он нахоҳӣ хӯрд».
Ғоре ба зери макони аҳолинишин мекананд, аз хотири пиёдагардҳои рӯи замин фаромӯш мешаванд, ва дур аз мардум овезон гардида, ба ҳар сӯ ҳаракат мекунанд.
Ва воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар кӣ аз овози тарс бигрезад, ба чоҳ хоҳад афтод; ва ҳар кӣ аз даруни чоҳ барояд, ба дом хоҳад афтод; зеро ки равзанҳо аз афроз кушода хоҳад шуд, ва асосҳои замин ба ларза хоҳад омад.
Оё аз Ман наметарсед? — мегӯяд Худованд. — Оё аз ҳузури Ман ба ларза намеоед? Ман, охир, регро ҳудуди баҳр, қонуни ҷовидоние барояш қарор додаам, ки аз он намегузарад; ва мавҷҳояш талотум менамояд, вале ғолиб намешавад, ва ҳарчанд ба ғалаён меояд, наметавонад аз он бигзарад.
Ҳамин ки Ӯ овоз диҳад, обҳо дар осмон ғулғула меандозанд, ва Ӯ абрҳоро аз ақсои замин боло мебардорад, барқҳоро барои борон ба вуҷуд меоварад, ва бодро аз махзанҳои Худ берун меоварад.