1 Ва Худованд ба Нӯҳ гуфт: «Ту ва тамоми аҳли байтат ба киштӣ дароед; зеро ки туро дар ин насл пеши Худам одил дидам.
Ва аҳди Худро бо ту барқарор мекунам, ва ба киштӣ медароӣ, ту, ва писаронат, ва занат, ва занони писаронат бо ту.
Ин аст насаби Нӯҳ: Нӯҳ марди одил буд, ва дар насли худ покдоман; Нӯҳ пеши Худо роҳ мерафт.
Дар худи ҳамон рӯз Нӯҳ, ва Сом, Ҳом ва Ёфат, писарони Нӯҳ, ва зани Нӯҳ, ва се зани писаронаш бо онҳо ба киштӣ даромаданд.
Ва Нӯҳ, ва писаронаш, ва занаш, ва занони писаронаш бо ӯ аз боиси оби тӯфон ба киштӣ даромаданд.
Ман ба ҳузури Ӯ беайб будам, ва аз маъсиятҳо худдорӣ кардаам.
Касе ки бо тариқи рост равон аст, дар амният равон аст, вале касе ки роҳҳои худро каҷ кунад, сазои худро меёбад.
Дар худотарсӣ қалъаи мустаҳкаме ҳаст, ва вай барои фарзандонаш паноҳгоҳ мешавад.
Исми Худованд бурҷи кувват аст: одил сӯи он медавад, ва паноҳ меёбад.
Ва агар ин се мард: Нӯҳ, Дониёл ва Айюб андаруни он бошанд, — онҳо бо адолати худ фақат ҷонҳои худро раҳо хоҳанд кард, мегӯяд Худованд Худо.
Худовандро биталабед, эй ҳамаи ҳалимони замин, ки аҳкоми Ӯро ба ҷо меоваред; адолатро биталабед, фурӯтаниро биталабед, — шояд, ки дар рӯзи хашми Худованд тавонед пинҳон шавед.
Ҳар дуи онҳо пеши Худо одил буданд ва аз рӯи тамоми аҳком ва фароизи Худованд бекаму кост рафтор мекарданд.
Ва чӣ тавре ки дар айёми Нӯҳ буд, дар айёми Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд:
Зеро ки ин ваъда барои шумо ва фарзандони шумо ва барои ҳамаи онҳоест, ки дур ҳастанд, яъне барои ҳар касе ки Худованд Худои мо ӯро бихонад».
Бо имон Нӯҳ дар хусуси чизе ки ҳанӯз намоён набуд, ваҳй ёфта, бо тарси Худо барои наҷот додани аҳли байти худ киштие бисохт; бо он ӯ ҷаҳонро маҳкум намуд ва вориси адолате гардид, ки аз имон аст.
Онҳо пештар беитоат буданд, вақте ки Худо, дар айёми Нӯҳ, пурсаброна интизорӣ мекашид, ҳангоме ки киштӣ соҳта мешуд, ки дар он мардуми каме, яъне ҳашт нафар, аз об наҷот ёфтанд.