3 Ва Худованд гуфт: «Рӯҳи Ман дар одамизод доим нахоҳад монд, зеро ки вай башар аст; бигзор айёми вай саду бист сол бошад».
Писарони Худо духтарони одамизодро диданд, ки хушрӯянд, ва ҳар кадомро, ки хуш мекарданд, барои худ ба занӣ мегирифтанд.
Ва солҳои бисьёр ба онҳо сабурӣ намудӣ, ва бо Рӯҳи Худ ба воситаи анбиёи Худ онҳоро таъкид кардӣ, вале онҳо гӯш надоданд, ва Ту онҳоро ба дасти қавмҳои кишварҳо супурдӣ.
Бадие ба ту рӯй нахоҳад дод, ва офате ба хаймаи ту наздик нахоҳад шуд.
Барои токзори Ман боз чӣ кор кардан лозим буд, ки Ман дар он накарда бошам? Чун умед доштам, ки ангури хуб меоварад, чаро ангури бад овард?
Зеро ки то абад додгарӣ нахоҳам кард, ва беинтиҳо ғазаб нахоҳам намуд, вагар на рӯҳ ва ҷонҳое ки Ман офаридаам, пеши Ман бемаҷол хоҳанд шуд.
Валекин онҳо беитоатӣ намуда, Рӯҳулқудси Ӯро маҳзун мекарданд, ва Ӯ душмани онҳо гашта, ба муқобили онҳо меҷангид.
Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате бар онҳо хоҳам овард, ки аз он натавонанд раҳо шаванд, ва сӯи Ман истиғоса хоҳанд бурд, вале Ман онҳоро иҷобат нахоҳам кард.
Зеро ки Ман падарони шуморо, аз рӯзе ки онҳоро аз Миср берун овардам, то имрӯз сахт таъкид намудам; ҳар рӯз аз субҳидам онҳоро таъкид намуда, гуфтам: овози Маро бишнавед.
Ва Ман фурӯд омада, дар он ҷо бо ту сухан хоҳам ронд, ва аз Рӯҳе ки бар туст, гирифта бар онҳо хоҳам гузошт, то ки онҳо бо ту бори ин қавмро бардоранд, ва ту танҳо нахоҳӣ бардошт.
Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз Рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст.
Эй гарданкашон! Эй соҳибони дилҳо ва гӯшҳои номахтун! Шумо ҳамеша ба Рӯҳулқудс муқобилат мекунед, шумо низ монанди падарони худ ҳастед:
Рӯҳро хомӯш накунед.