Ва зан дид, ки он дарахт барои хӯрок хуб аст, ва назаррабост, ва дарахти дилпазири донишафзост; ва аз меваи он гирифта, хӯрд; ва ба шавҳари худ низ дод, ва ӯ хӯрд.
Бинобар ин, духтарони худро ба писарони онҳо надиҳед, ва духтарони онҳоро барои писарони худ нагиред, ва осоиштагӣ ва хушбахтии онҳоро то ба абад талаб накунед, то ки мустаҳкам шавед, ва нозу неъмати ин заминро бихӯред, ва онро ба писарони худ то ба абад мерос бигузоред“.
Ту, охир, Падари мо ҳастӣ, агарчи Иброҳим моро намедонад, ва Исроил моро намешиносад; Ту, эй Худованд, Падари мо, Раҳокунандаи мо ҳастӣ, ва исми Ту аз азал чунин аст.