5 Пас тамоми айёми умри Одам нӯҳсаду сӣ сол буд; ва ӯ мурд.
Ба арақи ҷабинат нон хоҳӣ хӯрд, то даме ки ба хок баргардӣ, ки аз он гирифта шудаӣ; зеро ки ту хок ҳастӣ, ва ба хок хоҳӣ баргашт».
Пас тамоми айёми Анӯш нӯҳсаду панҷ сол буд; ва ӯ мурд.
Ва айёми Одам, баъд аз таваллуди Шет, ҳаштсад сол буд, ва ӯ писарону духтарон ба дуньё овард.
Ва Шет саду панҷ сол бизист, ва Анӯшро ба дуньё овард.
Пас тамоми айёми Шет нӯҳсаду дувоздаҳ сол буд; ва ӯ мурд.
Мо, охир, ҳатман хоҳем мурд, ва мисли обе хоҳем буд, ки ба замин рехта мешавад, ва онро дигар ҷамъ кардан мумкин нест; ва Худо ҷонро нобуд намекунад, балки тадбирҳо меандешад, то ки рондашудае аз ӯ ронда нашавад.
Одам, Шет, Анӯш;
Медонам, ки Ту маро ба марг хоҳӣ расонид, ва ба хонае ки барои ҷамъ омадани ҳамаи зиндаҳост.
Бадие ба ту рӯй нахоҳад дод, ва офате ба хаймаи ту наздик нахоҳад шуд.
Аз баландӣ низ битарсанд ва дар роҳ хавотир кашанд; ва бодом шукуфта сафедпӯш шавад; ва малахе гаронӣ кунад; ва иштиҳо кӯр шавад. Ба ҳамин тариқ одамизод ба хонаи ҷовидонии худ меравад, ва дар кӯча навҳагарон гирд мегарданд;
Ва хок бар замин баргардад, ончунон ки буд; ва рӯҳ назди Худо, ки онро бахшида буд, баргардад.
Зиндаҳо медонанд, ки бояд бимиранд, вале мурдаҳо чизе намедонанд, ва барои онҳо дигар подоше нест, ҳатто зикрашон фаромӯш шудааст;
Бигзор либосҳои ту ҳама вақт сафед бошад, ва равған бар сари ту кам нашавад.
Инак ҳамаи ҷонҳо аз они Ман аст; хоҳ ҷони падар ва хоҳ ҷони писар аз они Ман аст; ҷоне ки гуноҳ карда бошад, хоҳад мурд.
Худованд Худои худро дӯст бидорӣ, ба овози Ӯ гӯш диҳӣ ва ба Ӯ бичаспӣ, зеро ки Ӯ ҳаёти ту ва дарозии умри туст, то ки ту дар замине ки худованд ба падаронат Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст, ки онро ба онҳо бидиҳад, сукунат намоӣ».
Ва чунон ки одамонро насиб гардидааст, ки як бор бимиранд ва пас аз он ба доварӣ дучор шаванд,