Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 5:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва Одам саду сӣ сол бизист, ва писаре ба шабоҳати худ, ба сурати худ ба дуньё овард, ва ӯро Шет номид.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 5:3
15 Iomraidhean Croise  

Ва Одам боз бо зани худ хобид; вай писаре зоид, ва ӯро Шет ном ниҳод; зеро, гуфт, Худо насли дигаре ба ман қарор дод, дар ивази Ҳобил, ки Қобил ӯро кушт.


Нару мода онҳоро офарид, ва онҳоро баракат дод, ва онҳоро, дар рӯзи офариниши онҳо, одам ном ниҳод.


Ва айёми Одам, баъд аз таваллуди Шет, ҳаштсад сол буд, ва ӯ писарону духтарон ба дуньё овард.


Кист, ки тавонад аз чизи наҷис чизи поке берун оварад? Як нафар ҳам нест.


Вале инсон чӣ гуна ба ҳузури Худо одил шавад? Ва зодаи зан чӣ гуна пок бошад?


Бадиро аз некӣ бештар дӯст медорӣ, ва дурӯғро аз ҳақгӯӣ бештар. Село.


Фаришта дар ҷавоби вай гуфт: «Рӯҳулқудс бар ту хоҳад омад, ва қуввати Ҳаққи Таоло бар ту соя ҳоҳад афканд; бинобар ин он мавлуди Муқаддас ҳам Писари Худо номида ҳоҳад шуд;


Ибни Қенон, ибни Арфакшад, ибни Сом, ибни Нӯҳ, ибни Ломак,


Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз Рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст.


Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон доҳил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд.


На ҳар гуна гӯшт айни ҳамон гӯшт аст, балки гӯшти одамон дигар аст, гӯшти чорпоён — дигар, гӯшти моҳиён — дигар, гӯшти мурғон — дигар.


Ва чӣ гунае ки мо сурати одами хокиро ба худ гирифтаем, сурати одами осмониро низ ба худ хоҳем гирифт.


Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақте аз рӯи шаҳавоти ҷисми худ зиндагӣ карда, ҳавасҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан, мисли дигарон, фарзандони ғазаб будем.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan