Ва Худо онҳоро баракат дод, ва Худо ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед».
Ҳамаи қавмҳои насли одамизодро Ӯ аз як хун ба вуҷуд овардааст, то ки бар тамоми рӯи замин сокин шаванд, ва барои сукунати онҳо мӯҳлатҳо ва ҳудуди муайяне пешакӣ муқаррар кардааст,