4 Ва ба ман гуфт: „Инак, Ман туро борвар ва афзун мегардонам, ва аз ту қавмҳои зиёде ба вуҷуд меоварам, ва ин заминро баъд аз ту ба насли ту ба тасарруфи абадӣ медиҳам“.
Ва насли туро мисли ситорагони осмон афзун хоҳам кард; ва ҳамаи ин заминҳоро ба насли ту хоҳам дод; ва дар насли ту ҳамаи халқҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост,
Ва саркорони меҳнати маҷбуриро бар онҳо таъин карданд, то ки онҳоро бо корҳои сахт ба танг оваранд; ва онҳо барои фиръавн шаҳрҳои захираҳо — Фитум ва Раамсисро бино карданд.
Ва дар замине ки Ман ба бандаи Худ Яъқуб додаам, ва падаронашон дар он сокин буданд, маскан хоҳанд гирифт; ва онҳо ва писаронашон ва писарони писаронашон дар он то абад сукунат хоҳанд дошт, ва бандаи Ман Довуд то абад раиси онҳо хоҳад буд.