3 Ва Яъқуб ба Юсуф гуфт: «Худои Қодир дар Луз, дар замини Канъон, бар ман зоҳир гардида, маро баракат дод,
Вақте ки Абром наваду нӯҳсола буд, Худованд бар Абром зоҳир гардида, гуфт: «Ман Худои Қодирам; пеши Ман роҳ рав ва покдоман бош;
Ва туро хеле ва хеле борвар месозам, ва аз ту халқҳо ба вуҷуд меоварам, ва подшоҳон аз ту ба вуҷуд меоянд.
Ва Худои Қодир туро баракат диҳад, ва туро борвар ва афзун гардонад, ва аз ту қавмҳои бисьёр ба вуҷуд оянд;
Ва Яъқубро огоҳ карда, гуфтанд: «Инак, писарат Юсуф назди ту меояд». Ва Исроил қувваҳои худро ҷамъ карда, бар бистар биншаст.
Аз Худои падарат, ки туро мадад мекунад, ва аз Қодири Мутлақ, ки туро баракат медиҳад бо баракоти осмон аз боло, бо баракоти варта, ки дар поён аст, бо баракоти пистонҳо ва батн,
Ман ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб бо исми „Худои Қодир“ зоҳир шудам, вале бо исми Худ „Худованд“ ба онҳо маъруф нашудаам.
Ва ӯ бо фаришта гӯштин гирифта, ғолиб омад; ӯ гириста, пеши Худо тазаррӯъ намуд; дар Байт‐Ил низ Худо ӯро ёфт, ва дар он ҷо бо ӯ гуфтугӯ кард.
Ки вай ҷалоли Худоро дорад; найири вай ба санги бағоят гаронбаҳо монанд аст, мисли санги яшме ки чун булӯр шаффоф бошад;
Ва хонадони Юсуф дар Байт‐Ил ҷосусӣ карданд; ва номи ин шаҳр пештар Луз буд.