Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 47:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва ба фиръавн гуфтанд: «Омадем, то ки дар ин замин сокин шавем, зеро ки барои чорвои ғуломонат чарогоҳ нест; чунки қаҳтӣ дар замини Канъон сахт аст. Ва акнун ба ғуломонат изн бидеҳ, ки дар замини Ҷӯшан маскан гирем».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 47:4
11 Iomraidhean Croise  

Ва дар он замин қаҳтӣ буд. Ва Абром ба Миср фурӯд омад, то ки дар он ҷо зиндагӣ кунад; зеро ки қаҳтӣ дар он замин шиддат ёфт.


Ва ба Абром гуфт: «Яқин бидон, ки насли ту дар замине ки аз они онҳо набошад, ғариб хоҳанд буд, ва онҳоро банда хоҳанд кард, ва бар онҳо чорсад сол зулм хоҳанд кард.


Ва қаҳтӣ дар замин сахт шуд.


Ва дар замини Ҷӯшан маскан хоҳӣ гирифт; ва наздики ман хоҳӣ буд, ту ва писаронат, ва писарони писаронат, ва гӯсфандонат, ва говонат, ва ҳар чизе ки дорӣ.


Бигӯед: „Ғуломонат аз наврасии худ то алҳол мардуми чорводор ҳастем, ҳам мо ва ҳам падарони мо“, — то ки дар замини Ҷӯшан сокин шавед. Зеро ки ҳар рамабон барои мисриён нафратангез аст».


Ва фиръавн ба Юсуф хитоб карда, гуфт: «Падарат ва бародаронат назди ту омадаанд.


Ва мехост онҳоро несту нобуд кунад, агар баргузидаи Ӯ Мусо пеши Ӯ дар рахнагоҳ намеистод, то ки ғазаби Ӯро аз ҳалокати онҳо баргардонад.


Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: «Қавми Ман дар ибтидо ба Миср фурӯд омадаанд, то ки дар он ҷо сукунат кунанд, ва пас аз он Ашшур беҳуда бар онҳо ситам кардааст.


Дар тамоми замини Миср ва Канъон қаҳтӣ рӯй дода, боиси кулфати бузурге гардид, ва падарони мо қуте наёфтанд.


Ва Худо ба ӯ гуфт, ки насли ӯ дар замини бегона монанди ғарибон зиндагӣ ҳоҳанд кард, ва муддати чорсад сол онҳоро дар бандагӣ нигоҳ дошта, азоб ҳоҳанд дод.


Ва ту ба ҳузури Худованд Худои худ нидокунон бигӯ: „Падарам арамии оворагарде буд, ва ба Миср фурӯд омад, ва дар он ҷо бо одамони каме сукунат кард, ва дар он ҷо ба халқи бузурги пурзӯр ва сершуморе табдил ёфт;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan