Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 44:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва Юсуф ба нозири хонаи худ амр фармуда, гуфт: «Халтаҳои ин мардонро, ба қадре ки бурда метавонанд, аз хӯрокворӣ пур кун, ва нуқраи ҳар якеро дар даҳани халтааш бимон;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 44:1
8 Iomraidhean Croise  

Ва Иброҳим ба ғуломи худ, ки калони хонаи ӯ буда, тамоми дороии ӯро идора мекард, гуфт: «Дасти худро зери рони ман бигузор,


Ва Юсуф фармон дод, ки ҷуволҳои онҳоро аз ғалла пур кунанд, ва нуқраи онҳоро дар халтаи ҳар яке баргардонанд, ва ба онҳо тӯшаи роҳ бидиҳанд. Ва ба онҳо чунин карданд.


Ва ҳангоме ки онҳо халтаҳои худро холӣ мекарданд, инак, ҳамьёни нуқраи ҳар яке дар халтаи вай буд. Ва чун онҳо ва падарашон ҳамьёнҳои нуқраро диданд, ҳаросон шуданд.


Ва Юсуф, чун Биньёминро бо онҳо дид, ба нозири хонаи худ фармуд: «Ин одамонро ба хона бибар, ва ҳайвоне бикуш, ва тадоруке бикун, зеро ки ин одамон дар нимирӯзӣ бо ман хӯрок мехӯранд».


Бинобар ин ба нозири хонаи Юсуф наздик шуданд, ва дар даромадгоҳи хона ба ӯ гап заданд,


Ва ҳангоме ки ғаллаеро, ки аз Миср оварда буданд, хӯрда тамом карданд, падарашон ба онҳо гуфт: «Баргардед, ва андак хӯрокворӣ барои мо бихаред».


Ва ҷоми маро, он ҷоми нуқраро, дар даҳани халтаи он хурдӣ бо қимати ғаллаи ӯ бимон». Ва мувофиқи сухане ки Юсуф гуфт, иҷро кард.


Зеро, инак Худованд, Худованди лашкарҳо, мадад ва такьягоҳро аз Ерусалим ва Яҳудо дур хоҳад кард: ҳар мадади нон ва ҳар мадади обро;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan