Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 42:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва гуфт: «Инак, шунидам, ки дар Миср ғалла ҳаст; ба он ҷо биравед, ва барои мо аз он ҷо ғалла бихаред, то ки зист кунем ва намирем».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 42:2
11 Iomraidhean Croise  

Даҳ бародари Юсуф барои харидани ғалла ба Миср рафтанд.


Ва ҳангоме ки ғаллаеро, ки аз Миср оварда буданд, хӯрда тамом карданд, падарашон ба онҳо гуфт: «Баргардед, ва андак хӯрокворӣ барои мо бихаред».


Агар бародари моро бо мо фиристонӣ, меравем ва хӯрокворӣ бароят мехарем.


Ва Яҳудо ба падари худ Исроил гуфт: «Бачаро бо ман бифиристон; ва мо бархоста, меравем, ва зист мекунем, ва намемирем, ҳам мо, ҳам ту ва ҳам фарзандони мо.


Шитоб кунед ва назди падарам рафта, ба ӯ гӯед: писари ту Юсуф чунин мегӯяд: „Худо маро оғои тамоми Миср гардондааст; назди ман биё, таъхир накун.


Ба бандаи Худ таваҷҷӯҳ намо, то ки зинда монам ва каломи Туро нигоҳдорӣ кунам.


Вақте ки одилон фарьёд мекашанд, Худованд онҳоро шунида, аз ҳамаи тангиҳошон халосӣ медиҳад.


Худованд ба дилшикастагон наздик аст, ва рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод.


Дар он айём Ҳизқиё бемор шуда, наздик ба мурдан буд; ва набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: барои аҳли байти худ васият намо, зеро ки ту хоҳӣ мурд ва шифо нахоҳӣ ёфт».


Дар ҷавоб гуфт: «Навишта шудааст, ки „одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд“».


Чун Яъқуб шунид, ки дар Миср ғалла ёфт мешавад, бори аввал падарони моро ба он ҷо фиристод;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan