1 Ва Яъқуб фаҳмид, ки дар Миср ғалла мавҷуд аст, ва Яъқуб ба писарони худ гуфт: «Чаро нигоҳ карда нишастаед?»
Ва ҳафт соли қаҳтӣ оғоз ёфт, чунон ки Юсуф гуфта буд. Ва дар ҳамаи заминҳо қаҳтӣ рӯй дод, вале дар тамоми замини Миср нон буд.
Ва аз ҳамаи кишварҳо барои харидани ғалла назди Юсуф ба Миср меомаданд, зеро ки қаҳтӣ дар тамоми дуньё қавӣ шуд.
Ва гуфт: «Инак, шунидам, ки дар Миср ғалла ҳаст; ба он ҷо биравед, ва барои мо аз он ҷо ғалла бихаред, то ки зист кунем ва намирем».
Ва ӯ ин хатарро дида, бархост ва барои ҳифзи ҷони худ равона шуда, ба Беэр‐Шобаъ, ки дар Яҳудост, омад, ва навкари худро дар он ҷо гузошт.
Бархез, чунки ин кори туст, ва мо бо ту мебошем; қавӣ бош ва амал намо!»
Ва чун тамоми қавм раъдҳо, ва забонаҳои оташ, ва садои шох, ва кӯҳи пур аз дудро диданд ва шуниданд, паснокӣ рафтанд, ва аз дур истоданд.
Ва нозирони банӣ‐Исроил худро гирифтори мусибат диданд, чунки фиръавн гуфт: «Аз миқдори ҳаррӯзаи хиштҳои худ ба ҳеҷ ваҷҳ кам накунед».
Пас, мо чаро нишастаем? Ҷамъ шавед, то ки ба шаҳрҳои истеҳкомдор равем, ва дар он ҷо талаф шавем; зеро ки Худованд Худои мо моро гирифтори ҳалокат кардааст, ва моро оби заҳрдор нӯшонидааст, чунки пеши Худованд гуноҳ кардаем.
Ва Эфроим бемории худро, ва Яҳудо ҷароҳати худро дид, ва Эфроим назди Ашшур рафт, ва назди подшоҳ Ёриб кас фиристод, вале вай наметавонад шуморо шифо диҳад, ва ҷароҳати шуморо муолиҷа намояд.
Чун Яъқуб шунид, ки дар Миср ғалла ёфт мешавад, бори аввал падарони моро ба он ҷо фиристод;
Балки, баръакс, чун диданд, ки башорат барои номахтунон ба ман супурда шудааст, чунон ки барои махтунон ба Петрус, —
Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Бархез; чаро ту чунин бар рӯи худ афтодаӣ?