9 Ва Худованд ба Қобил гуфт: «Бародарат Ҳобил куҷост?» Гуфт: «Намедонам; магар ман посбони бародарам ҳастам?»
Ва Яҳудо ба бародарони худ гуфт: «Чӣ суд аст аз он ки бародари худро бикушем ва хунашро махфӣ дорем?
Ва куртаи рангинро фиристоданд, ва ба падари худ расонида, гуфтанд: «Инро ёфтем; бишнос, ки оё куртаи писари туст ё не».
Ва гуфт: «Чӣ кор аст, ки кардӣ? Хуни бародарат аз замин сӯи Ман фарьёд мезанад.
Худовандро, ки бар Сион сокин аст, бисароед, корномаҳои Ӯро дар миёни қавмҳо шӯҳрат диҳед.
Зеро ки Ӯ подоши хунҳоро металабад, онҳоро дар хотир дорад, фиғони мазлумонро фаромӯш намекунад.
Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муавффақият намеёбад; вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад.
Падари шумо иблис аст, ва шумо мехоҳед орзуҳои падари худро ба амал оваред; вай аз ибтидо қотил буд ва дар ростӣ собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест; вақте ки вай сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд, зеро ки вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст.