Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 4:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва Қобил бо бародари худ Ҳобил сухан гуфт. Ва ҳангоме ки онҳо дар саҳро буданд, Қобил бар бародари худ Ҳобил қиём кард, ва ӯро кушт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 4:8
23 Iomraidhean Croise  

Ва Одам боз бо зани худ хобид; вай писаре зоид, ва ӯро Шет ном ниҳод; зеро, гуфт, Худо насли дигаре ба ман қарор дод, дар ивази Ҳобил, ки Қобил ӯро кушт.


Ва канизи ту ду писар дошт; ва ҳар ду дар саҳро хархаша намудаанд, ва касе набудааст, ки онҳоро аз якдигар чудо кунад, ва яке дигареро зарба зада, варо куштааст.


Ва ҳангоме ки Абнир ба Ҳебрӯн баргашт, Юоб ӯро андаруни дарвоза ба каноре бурд, то ки бо ӯ махфиёна сухан ронад, ва дар он ҷо, барои хуни бародараш Асоил, ба шиками ӯ зарба зад, ва ӯ мурд.


Ва ҳангоме ки Еҳӯром салтанати падарашро соҳиб шуда, қувват гирифт, ҳамаи бародарони худ, ва низ баъзеро аз сарварони Исроил бо шамшер кушт.


Санбалат ва Ҷашам назди ман фиристода, гуфтанд: «Биё, то дар Кафирим, ки дар водии Уну мебошад, якҷоя вохӯрем». Ва онҳо қасд доштанд ба ман бадӣ кунанд.


Яқин аст, ки он гоҳ чеҳраи худро хоҳӣ бардошт, бе он ки айбе дошта бошӣ, ва матин хоҳӣ буд ва нахоҳӣ тарсид.


Ба Худованд таваккал намо ва некӣ бикун; дар замин сокин бош ва ростиро ҳифз намо.


Қасам хӯрдан ва қасамро шикастан, ва қатл ва дуздӣ ва зино кардан бағоят паҳн шудааст, ва ҷараёни хун бо ҷараёни хун мепайвандад.


Зеро ки писар падарро таҳқир мекунад, духтар ба зидди модари худ, келин ба зидди модаршӯи худ қиём менамояд: душманони шахс аҳли байти ӯ мебошанд.


Агар шахсе аз рӯи хусумат касеро такон бидиҳад, ё қасдан бар ӯ чизе партояд, ва он кас бимирад,


То тамоми хуни одилон, ки бар замин рехта шуд, бар сари шумо фурӯд ояд, аз хуни Ҳобили одил то хуни Закарьё ибни Баракьё, ки вайро шумо дар миёни маъбад ва қурбонгоҳ куштед.


Аз хуни Ҳобил то хуни Закарьё, ки вай дар миёни қурбонгоҳ ва маъбад кушта шудааст. Оре, ба шумо мегӯям, ки он ба гардани ин насл гузошта хоҳад шуд.


Ва Исо ба вай гуфт: «Эй Яҳудо! Оё Писари Одамро бо бӯса таслим мекунӣ?»


Бо имон Ҳобил ба Худо, назар ба Қобил, қурбонии беҳтаре тақдим намуд; бо он ӯ шаҳодат пайдо кард, ки ӯ одил аст, чунон ки Худо дар бораи ҳадияҳои ӯ шаҳодат дод; бо он ӯ баъд аз мамоташ ҳанӯз ҳам сухан меронад.


Ва ба Исо, ки Миёнарави аҳди ҷадид аст, ва ба Хуни пошиданӣ, ки назар ба хуни Ҳобил хубтар сухан мегӯяд.


Вой бар ҳоли онҳо, чунки бо роҳи Қобил рафтаанд, ва мисли Билъом дар ивази музд тамоман ба иштибоҳ дода шудаанд, ва мисли Қӯраҳ дар исьён ба ҳалокат расидаанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan