6 Ва Худованд ба Қобил гуфт: «Чаро ба хашм омадӣ? Ва чаро рӯят турш шуд?
Агар некӣ мекардӣ, оё мақбул намешудӣ? Ва чун некӣ накардӣ, гуноҳ дар сари остона аст, ва иштиёқманди туст, вале ту бар вай ҳукмфармо шав».
Зеро ки хашм беақлро мекушад, ва ҳасад соддалавҳро ба ҳалокат мерасонад.
«Биёед исбот намоем, — мегӯяд Худованд, — агар гуноҳҳои шумо мисли қирмиз бошад, мисли барф сафед хоҳад шуд; агар мисли арғувон сурх бошад, мисли пашм хоҳад шуд.
Эй шумо, ки насли ин даврон ҳастед! Ба каломи Худованд диққат диҳед: оё Ман барои Исроил биёбон будам? Ё кишвари торикии зулмот? Пас, чаро қавми Ман гуфтанд: „Мо аз ту дур шудаем, дигар назди ту нахоҳем омад“?
Худованд чунин мегӯяд: «Падарони шумо дар Ман чӣ ноинсофӣ ёфтанд, ки аз Ман дур шуданд, ва аз қафои ҳеҷу пуч рафта, худашон ба батолат мубаддал гардиданд?
Ва Худованд гуфт: «Оё хуб аст, ки дар қаҳр шавӣ?»
Ва Худо ба Юнус гуфт: «Оё хуб аст, ки барои канадона дар қаҳр шавӣ?» Вай гуфт: «Хуб аст, ки то ба дараҷаи марг дар қаҳр шавам».
Оё ҳақ надорам, ки бо чизи худ он чи хоҳам, бикунам? Оё аз он ки ман некдил ҳастам, ту ҳасад мебарӣ?“