Ва Мусо бисьёр андӯҳгин шуда, ба Худованд гуфт: «Ба ҳадияи онҳо таваҷҷӯҳ нанамо! Ман аз ҳеҷ кадомашон як хар ҳам нагирифтаам, ва ба ҳеҷ кадомашон бадӣ накардаам».
Бо имон Ҳобил ба Худо, назар ба Қобил, қурбонии беҳтаре тақдим намуд; бо он ӯ шаҳодат пайдо кард, ки ӯ одил аст, чунон ки Худо дар бораи ҳадияҳои ӯ шаҳодат дод; бо он ӯ баъд аз мамоташ ҳанӯз ҳам сухан меронад.
Вале Худованд ба Самуил гуфт: «Ба қиёфааш ва қомати баландаш назар наандоз, чунки Ман ӯро хуш накардаам; он чи одам мебинад, ҳеҷ аст, зеро одам фақат он чиро, ки ба чашм намоён аст, мебинад, вале Худованд он чиро, ки дар дил аст, мебинад».