21 Ва номи бародараш Юбол буд: вай падари ҳамаи навозандагони ғиҷҷак ва най буд.
Чаро пинҳонӣ гурехтӣ, ва маро дар иштибоҳ андохтӣ, ва чизе ба ман нагуфтӣ? Ман туро бо шодӣ ва сурудҳо, бо даф ва барбат гусел мекардам.
Одо Ёболро зоид: вай падари хайманишинон ва чорводорон буд.
Зилло низ Тубалқобилро зоид, ки пардозгари ҳар олати мис ва оҳан буд. Ва хоҳари Тубалқобил Наамо буд.
Бо даф ва барбат месароянд, ва бо садои най дилхушӣ мекунанд.
Ӯро бо даф ва рақс мадҳ кунед; Ӯро бо созҳо ва най мадҳ кунед.
Ва барбат ва уд, ва даф ва най ва шароб дар базмҳои онҳост; вале онҳо ба корҳои Худованд назар намекунанд, ва амали дастҳои Ӯро намебинанд.
Онҳое ки бо навозиши барбат месароянд, ба гумони он ки мисли Довуд барои худ асбоби мусикӣ ихтироъ мекунанд;