Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 4:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва боз бародари ӯ Ҳобилро зоид. Ва Ҳобил рамабон буд; ва Қобил зироаткор буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 4:2
19 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд Худо ӯро аз боғи Адан берун кард, то ки заминро, ки аз он гирифта шудааст, кор кунад.


Ва Исроил ба Юсуф гуфт: «Магар бародаронат дар Шакем намечаронанд? Биё, то ки туро назди онҳо бифиристам». Ба ӯ гуфт: «Лаббай!»


Ва Одам бо зани худ Ҳавво хобид; ва ӯ ҳомила шуда, Қобилро зоид, ва гуфт: «Мардеро аз Худованд пайдо кардам».


Баъд аз мурури айём, Қобил аз маҳсули замин ҳадияе барои Худованд овард.


Ва фиръавн ба бародарони ӯ гуфт: «Касбу коратон чист?» Ба фиръавн гуфтанд: «Ғуломонат рамабон ҳастем, ҳам мо ва ҳам падарони мо».


Ва Нӯҳ ба коркарди замин шурӯъ намуд, ва токзоре шинонд.


Занат мисли токи борвар андаруни хонаи туст, фарзандонат мисли ниҳолҳои зайтун дар гирди суфраи ту.


Ва Мусо рамаи падарарӯси худ Йитрӯ, коҳини Мидьёнро мечаронид, ва рамаро ба он тарафи биёбон бурд, ва ба Ҳӯриб, ки кӯҳи Худо бошад, омад.


Ва Худованд маро аз хизмати гӯсфандон гирифт, ва Худованд ба ман гуфт: „Рафта, ба қавми Ман Исроил нубувват намо“.


То ки хуни тамоми анбиё, ки аз аввали офариниши ҷаҳон рехта шудааст, ба гардани ин насл гузошта шавад:


Аз хуни Ҳобил то хуни Закарьё, ки вай дар миёни қурбонгоҳ ва маъбад кушта шудааст. Оре, ба шумо мегӯям, ки он ба гардани ин насл гузошта хоҳад шуд.


Падари шумо иблис аст, ва шумо мехоҳед орзуҳои падари худро ба амал оваред; вай аз ибтидо қотил буд ва дар ростӣ собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест; вақте ки вай сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд, зеро ки вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст.


Фарзандони Худо ва фарзандони иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ адолатро ба амал намеоварад, аз Худо нест, ҳамчунин касе ки бародари худро дӯст намедорад.


На ҳамчун Қобил, ки аз иблис буд ва бародари худро кушт. Ва аз барои чӣ вайро кушт? Аз барои он ки аъмоли худаш бад буд, вале аъмоли бародараш — одилона.


Ҳар кӣ аз бародари худ нафрат дорад, қотил аст; ва шумо медонед, ки ҳеҷ як қотил ҳаёти ҷовидоние надорад, ки дар вай сокин бошад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan