Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 4:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва Қобил аз пеши Худованд баромада рафт; ва дар замини Нӯд, ба тарафи шарқии Адан маскан гирифт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 4:16
19 Iomraidhean Croise  

Ва овози Худованд Худоро шуниданд, ки дар вақти салқинии рӯз дар боғ мегашт; ва Одам ва занаш аз пеши назари Худованд Худо дар миёни дарахтони боғ пинҳон шуданд.


Инак, маро имрӯз аз рӯи замин бадар рондӣ, аз рӯи Ту низ пинҳон хоҳам шуд, ва сарсону овора дар ҷаҳон хоҳам шуд, ва ҳар кӣ маро дарьёбад, маро хоҳад кушт».


Ва Қобил бо зани худ хобид; вай ҳомила шуда, Ҳанӯхро зоид. Ва ӯ шаҳре бино кард; ва он шаҳрро ба номи писари худ Ҳанӯх номид.


Вале Худованд ба онҳо илтифот ва раҳм карда, ба хотири аҳди худ, ки бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб баста буд, ба онҳо таваҷҷӯҳ намуд, ва нахост онҳоро несту нобуд кунад, ва то ҳол онҳоро аз ҳузури худ дур наандохтааст.


Зеро он чи дар Ерусалим ва Яҳудо воқеъ шуд, ба сабаби ғазаби Худованд буд, то ба дараҷае ки Ӯ онҳоро аз ҳузури Худ дур андохт. Ва Сидқиёҳу ба муқобили подшоҳи Бобил шӯриш бардошт.


Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Инак, ҳар чизе ки ӯ дорад, дар дасти туст, фақат ба худи ӯ дасти худро дароз накун». Ва шайтон аз пеши Худованд рафт.


Ва шайтон аз пеши Худованд рафт, ва Айюбро аз кафи нояш то фарқи сараш ба махави сахт гирифтор кард.


Ӯ ҷӯйборро нахоҳад дид: наҳрҳо ва ҷӯйҳои асал ва қаймоқро.


Онҳоро, эй Худованд, маҳкум намо, то ки аз қасдҳои бади худ фурӯ ғалтанд; ба сабаби ҷиноятҳои бисьёрашон онҳоро рад намо, зеро ки бар зидди Ту ба шӯр омадаанд.


Маро наҷот деҳ, эй Худо, зеро ки обҳо то ба ҷонам расидааст.


Ва чун тамоми қавм раъдҳо, ва забонаҳои оташ, ва садои шох, ва кӯҳи пур аз дудро диданд ва шуниданд, паснокӣ рафтанд, ва аз дур истоданд.


Бинобар ин инак, Ман шуморо тамоман фаромӯш хоҳам кард, ва шумо ва он шаҳреро, ки ба шумо ва падаронатон додаам, аз ҳузури Худ рад хоҳам намуд;


Зеро ба сабаби ғазаби Худованд ин дар Ерусалим ва Яҳудо воқеъ шуд, ба тавре ки Ӯ онҳоро аз ҳузури Худ рад кард; ва Сидқиё ба подшоҳи Бобил осӣ шуд.


Ва Юнус бархост, то ки аз пеши Худованд ба Таршиш бигрезад; ва ба Ёфӯ омада, киштие ёфт, ки ба Таршиш рафтанӣ буд, ва киропулии онро дода, савор шуд, то ки ҳамроҳи онҳо аз пеши Худованд ба Таршиш биравад.


Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба исми Ман ҷамъ шаванд, Ман дар миёни онҳо ҳастам».


Он гоҳ хоҳед гуфт: „Мо пеши Ту хӯрдем ва нӯшидем, ва дар кӯчаҳои мо Ту таълим медодӣ“.


Ӯ дар ҷаҳон буд, ва ҷаҳон ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҷаҳон Ӯро нашиноҳт.


Ҳама чиз ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҳар он чи вуҷуд ёфт, бе Ӯ вуҷуд наёфт.


Зеро вақте ки худи онҳо дар бораи мо ҳикоят мекунанд, мегӯянд, ки чӣ гуна мо ба миёни шумо доҳил шудем, ва чӣ гуна шумо аз бутҳо гашта ба Худо руҷӯъ намудед, то ки Худои Ҳай ва ҳақиқиро бандагӣ кунед


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan