Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 4:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ҳар гоҳ заминро кор кунӣ, он дигар қуввати худро ба ту надиҳад; ту сарсону овора дар ҷаҳон хоҳӣ буд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 4:12
16 Iomraidhean Croise  

Ва Қобил ба Худованд гуфт: «Ҷазои гуноҳам бузургтар аст аз он ки бардошта тавонам.


Инак, маро имрӯз аз рӯи замин бадар рондӣ, аз рӯи Ту низ пинҳон хоҳам шуд, ва сарсону овора дар ҷаҳон хоҳам шуд, ва ҳар кӣ маро дарьёбад, маро хоҳад кушт».


Одаме ки хуни касе ба гарданаш бошад, то ба гӯр мегурезад; зинҳор касе ӯро дастгирӣ накунад.


Худои ман онҳоро тарк хоҳад кард, чунки Ӯро нашниданд; пас дар миёни халқҳо овора хоҳанд шуд.


Саҳро тороҷ гардидааст, замин мотам гирифтааст, зеро ки гандум талаф шудааст, шираи ангур хушкидааст, зайтун пажмурда шудааст.


Ва хашми Худро бар шумо хоҳам нигаронид, ва аз душманони худ шикаст хоҳед хӯрд, ва бадхоҳонатон бар шумо ҳукмрон хоҳанд шуд, ва рӯ ба гурез хоҳед овард, бе он ки касе шуморо таъқиб намояд.


Ва қуввати шумо барабас сарф хоҳад шуд, ва заминатон ҳосили худро нахоҳад дод, ва дарахтони замин меваи худро нахоҳанд овард.


Ва дар дилҳои бақияи шумо, дар кишварҳои душманонатон, беҷуръатӣ хоҳам андохт, ва шувваси барги ҷавлонкунанда онҳоро хоҳад гурезонид, ва онҳо мисли касе ки аз шамшер мегурезад, рӯ ба гурез хоҳанд овард, ва фурӯ хоҳанд ғалтид, дар сурате ки таъқибкунандае набошад.


Чунки махлуқот на бо ихтиёри худ, балки ба хотири мутеъкунандаи худ мутеи оворагӣ шудааст, ба умеди он ки


Валекин агар ба овози Худованд Худои худ гӯш наандозӣ, то ки тамоми аҳкому фароизи Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, риоя намуда ба амал оварӣ, — он гоҳ ҳамаи ин лаънатҳо ба ту хоҳад расид ва барои ту ба амал хоҳад омад:


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan