Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 39:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва Юсуф дар назари вай илтифот ёфт, ва ба вай хизмат мекард. Ва ӯро ба хонаи худ баргумошт, ва тамоми дороии худро ба дасти ӯ дод.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 39:4
23 Iomraidhean Croise  

Пас, нигаҳбони худатон ва нигаҳбони тамоми он рамае бошед, ки Рӯҳулқудс шуморо барои назорат кардани он таъин намудааст, то ки Калисои Худоро, ки Ӯ бо Хуни Худ харидааст, бичаронед.


Касе ки ба дарахти анҷир нигоҳубин кунад, меваи онро хоҳад хӯрд; ҳамчунин касе ки оғои худро нигоҳдорӣ кунад, иззат хоҳад ёфт.


Вале ӯ розӣ нашуда, ба зани оғои худ гуфт: «Инак, оғои ман аз он чи бо ман дар хона аст, хабар надорад, ва ҳар он чи дорад, ба дасти ман додааст;


Ва Иброҳим ба ғуломи худ, ки калони хонаи ӯ буда, тамоми дороии ӯро идора мекард, гуфт: «Дасти худро зери рони ман бигузор,


Инак, бандаат дар назарат илтифот ёфтааст, ва эҳсони азиме ба ман кардӣ, ки ҷонамро раҳоӣ додӣ; вале ман кудрати он надорам, ки ба кӯҳ гурехта равам, мабодо балое ба сарам ояду бимирам.


Оё шахси дар кори худ чобукро дидаӣ? Вай назди подшоҳон меистад; назди сафилон намеистад.


Ғуломи соҳибфаҳм бар писари нанговар ҳукмфармо мешавад, ва дар миёни бародарон меросро тақсим мекунад.


Агар роҳҳои одам ба Худованд мақбул бошад, душманонашро низ бо вай оштӣ медиҳад.


Ва Яъқуб гуфт: «Не, агар дар назарат илтифот ёфта бошам, тӯҳфаи маро аз дастам бигир; зеро ки рӯи туро дидам, мисли дидани рӯи Худо, ва ту ба ман бо чашми нек назар кардӣ.


Ва гуфт: «Эй оғои ман! Агар дар назари Ту илтифот ёфта бошам, аз пеши бандаи Худ нагузар.


Таваҷҷӯҳи подшоҳ бар бандаи соҳибфаҳм аст, вале хашми ӯ — бар каси нанговар.


Ва Шоул назди Йисой фиристода, гуфт: «Бигзор Довуд ба ҳузури ман бимонад, зеро ки вай ба назари ман писанд омад».


Ва гуфт: «Аз баҳри чист туро тамоми ин гурӯҳе ки ба он вохӯрдам?» Гуфт: «То ки дар назари оғоям илтифот ёбам».


Ва ман молики барзаговон ва харон ва гӯсфандон, ва ғуломон ва канизон мебошам; ва фиристодам, то ки оғоямро огоҳӣ диҳам ва дар назарат илтифот ёбам“».


Ва Абром гуфт: «Худоё Худовандо! Ба ман чӣ медиҳӣ? Ва ман бефарзанд меравам; ва Алиазари димишқӣ хонаи маро идора мекунад».


Ва навкари ӯ Зимрӣ, ки сардори нисфи аробаҳо буд, ба муқобили ӯ суиқасд намуд. Вақте ки ӯ дар Тирсо, дар хонаи Арсо, ки нозири дарбори ӯ дар Тирсо буд, нӯшида маст шуд,


Навкаре ки назди даравгарон буд, ҷавоб дода, гуфт: «Вай ҷавонзани мӯобия аст, ки бо Ноомӣ аз ноҳияи Мӯоб баргаштааст;


Валекин Самуили амрад торафт калон шуда, ҳам дар назари Худованд ва ҳам дар назари мардум илтифот меёфт.


Ва ин духтар дар назари ӯ писанд афтода, ба ҳузури ӯ илтифот пайдо кард, ва ӯ шитобон лавозимоти ороиш ва офияти варо ба вай дод ва ҳафт канизи муносибро аз хонаи подшоҳ ба вай дода, варо бо канизонаш ба беҳтарин шӯъбаи хонаи занон гузаронд.


Ва дар назари Худо ва одамон таваҷҷӯҳ ва шиносоии нек пайдо хоҳӣ кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan