Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 39:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва оғояш дид, ки Худованд бо ӯст, ва ҳар он чи ӯ мекунад, Худованд дар дасти ӯ муваффақият меоварад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 39:3
28 Iomraidhean Croise  

Ва Худо бо он бача буд; ва ӯ калон шуда, сокини биёбон гашт; ва камонкаш шуд.


Ва воқеъ шуд дар он замон, ки Абималик бо Фикӯл, ки сипаҳсолори ӯ буд, ба Иброҳим рӯ оварда, гуфт: «Дар ҳар коре ки мекунӣ, Худо бо туст;


Ва акнун барои ман дар ин ҷо ба Худо қасам ёд кун, ки ба ман ва ба набераву абераи ман осебе нахоҳӣ расонд, балки дар ҳаққи ман ва дар ҳаққи замине ки дар он манзил кардаӣ, мувофиқи эҳсоне ки бо ту кардам, рафтор хоҳӣ кард».


Ва дар ҳамон шаб Худованд бар ӯ зоҳир гардида, гуфт: «Ман Худои падарат Иброҳим ҳастам; натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам, ва туро баракат медиҳам, ва насли туро, ба хотири бандаи Худ Иброҳим, афзун хоҳам кард».


Гуфтанд: «Кушоду равшан дидем, ки Худованд бо туст, бинобар ин гуфтем: қасаме дар миёни мову ту бошад, ва аҳде бо ту бибандем,


Ва Лобон ба ӯ гуфт: «Кошки дар назари ту илтифот меёфтам! Ба фол гирифтаам, ки ба хотири ту Худованд маро баракат додааст».


Зеро ки пеш аз омадани ман моли ту кам буд, ва бениҳоят зиёд шуд; ва ба хотири ман Худованд туро баракат дод; ва акнун кай ман барои хонаи худ низ кор мекунам?»


Ва Худованд бо Юсуф буд; ва ӯ марди комьёб шуд, ва дар хонаи оғои мисрии худ бимонд.


Ва Худованд бо Юсуф буд, ва ба ӯ эҳсон мекард, ва ӯро дар назари сардори зиндон илтифот бахшид.


Сардори зиндон ба ҳеҷ як чизе ки дар дасти Юсуф буд, нигоҳ намекард: чунки Худованд бо ӯ буд, ва дар ҳар кори ӯ Худованд муваффақият меовард.


Ва Худованд бо Ӯ буд: ба ҳар чи ӯ иқдом менамуд, муваффақият меёфт; ва ба подшоҳи Ашшур осӣ шуда, хизматашро дигар ба ҷо наовард.


Он гоҳ ту комьёб хоҳӣ шуд, ба шарте ки фароиз ва дастурҳоеро, ки Худованд ба Мусо дар бораи Исроил амр фармудааст, риоя намуда ба амал оварӣ; пас, қавӣ ва далер бош, натарс ва ҳаросон нашав!


Ва Финҳос ибни Элъозор пештар бар онҳо раис буд, ва Худованд бо ӯ буд.


Ва Сулаймон ибни Довуд дар салтанати худ мустаҳкам шуд, ва Худованд Худои ӯ бо ӯ буд, ва ӯро бузург гардонида, баланд бардошт.


Ва дар айёми Закарьё, ки рӯъёҳои Худоро фаҳм менамуд, ӯ Худоро ҷӯё буд, ва дар рӯзҳое ки Худовандро ҷӯё буд, Худо ӯро комьёб мегардонид.


Ва ман ба онҳо ҷавоб гардонда, гуфтам: «Худои осмон моро комьёб хоҳад кард, ва мо, ки бандагони Ӯ ҳастем, бархоста, бино хоҳем намуд; вале шуморо насибе ва ҳаққе ва зикре дар Ерусалим нест».


Ва мисли дарахте хоҳад буд, ки назди ҷӯйҳои об шинонда шудааст, ва меваи худро дар мавсимаш медиҳад, ва баргаш пажмурда намешавад, ва ҳар чӣ мекунад, барор хоҳад ёфт.


Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: дар он айём даҳ нафар аз ҳамаи забонҳо ва халқҳо домани марди яҳудиро гирифта ва онро сахт дошта, хоҳанд гуфт: „Бо шумо меравем, зеро шунидаем, ки Худо бо шумост“».


Ҳамчунин бигзор нури шумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд.


Дар рӯзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо, мувофиқи даромадаш, назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад, то ки дар вақти омаданам ба ҷамъ кардан хоҷат наафтад.


Зеро ки Худованд Худоят туро дар тамоми амали дастат баракат додааст; дар ин биёбони бузург роҳ паймуданатро медонист — ин чил сол аст, ки Худованд Худоят бо туст, ва ту аз ҳеҷ чиз камӣ надоштӣ“.


Ман, охир, ба ту чунин амр фармудаам: қавӣ ва далер бош, натарс ва ҳаросон нашав, зеро ба ҳар ҷое ки биравӣ, Худованд Худои ту бо туст».


Инак, Ман тавре амал мекунам, ки аз куништи шайтон, аз онҳое ки худро яҳудӣ мегӯянд, вале чунин нестанд, балки дурӯғ мегӯянд, — инак, Ман тавре амал мекунам, ки онҳо омада, пеши пойҳои ту таъзим намоянд ва бидонанд, ки Ман туро дӯст доштаам:


Ва Довуд дар ҳамаи роҳҳои худ комьёб мешуд, ва Худованд бо ӯ буд.


Ва Шоул дид ва фаҳмид, ки Худованд бо Довуд аст; ва духтари Шоул Микал ӯро дӯст медошт.


Ва Самуил калон мешуд; ва Худованд бо ӯ буд, ва аз ҳамаи суханонаш чизе зоеъ намерафт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan