Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 39:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва Худованд бо Юсуф буд; ва ӯ марди комьёб шуд, ва дар хонаи оғои мисрии худ бимонд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 39:2
32 Iomraidhean Croise  

Ва Худо бо он бача буд; ва ӯ калон шуда, сокини биёбон гашт; ва камонкаш шуд.


Ва воқеъ шуд дар он замон, ки Абималик бо Фикӯл, ки сипаҳсолори ӯ буд, ба Иброҳим рӯ оварда, гуфт: «Дар ҳар коре ки мекунӣ, Худо бо туст;


Ва дар ҳамон шаб Худованд бар ӯ зоҳир гардида, гуфт: «Ман Худои падарат Иброҳим ҳастам; натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам, ва туро баракат медиҳам, ва насли туро, ба хотири бандаи Худ Иброҳим, афзун хоҳам кард».


Гуфтанд: «Кушоду равшан дидем, ки Худованд бо туст, бинобар ин гуфтем: қасаме дар миёни мову ту бошад, ва аҳде бо ту бибандем,


Ва инак, Ман бо ту ҳастам; ва туро дар ҳар ҷое ки равӣ, муҳофизат намоям; ва туро ба ин замин баргардонам; зеро то он чиро, ки ба ту гуфтам, ба ҷо наоварам, туро тарк накунам».


Сардори зиндон ба ҳеҷ як чизе ки дар дасти Юсуф буд, нигоҳ намекард: чунки Худованд бо ӯ буд, ва дар ҳар кори ӯ Худованд муваффақият меовард.


Ва оғояш дид, ки Худованд бо ӯст, ва ҳар он чи ӯ мекунад, Худованд дар дасти ӯ муваффақият меоварад.


Ва Худованд бо Ӯ буд: ба ҳар чи ӯ иқдом менамуд, муваффақият меёфт; ва ба подшоҳи Ашшур осӣ шуда, хизматашро дигар ба ҷо наовард.


Ва Финҳос ибни Элъозор пештар бар онҳо раис буд, ва Худованд бо ӯ буд.


Ва Сулаймон ибни Довуд дар салтанати худ мустаҳкам шуд, ва Худованд Худои ӯ бо ӯ буд, ва ӯро бузург гардонида, баланд бардошт.


Ва мисли дарахте хоҳад буд, ки назди ҷӯйҳои об шинонда шудааст, ва меваи худро дар мавсимаш медиҳад, ва баргаш пажмурда намешавад, ва ҳар чӣ мекунад, барор хоҳад ёфт.


Бисароед Худоро, бисароед! Бисароед Подшоҳи моро, бисароед!


Дар пирӣ низ бор хоҳанд овард, обдор ва тару тоза хоҳанд буд,


Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам; наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод, ва туро бо ямини адолати Худ дастгирӣ хоҳам кард.


Вақте ки аз обҳо бигзарӣ, Ман бо ту хоҳам буд, ва аз наҳрҳо бигзарӣ, онҳо туро ғарқ нахоҳад кард; вақте ки аз миёни оташ қадамгузор шавӣ, нахоҳӣ сӯхт, ва аланга туро нахоҳад сӯзонид,


Ва Ман туро барои ин қавм ҳисори мустаҳками мисин хоҳам гардонид; ва онҳо ба муқобили ту хоҳанд ҷангид, вале бар ту ғолиб нахоҳанд омад, зеро Ман бо ту ҳастам, то ки туро наҷот диҳам ва раҳо кунам, — мегӯяд Худованд. —


«Инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳанд номид, ки маънояш ин аст: Худо бо мо».


Гуфт: «Чӣ гуна фаҳмида метавонам, агар касе ба ман роҳнамоӣ накунад?» Ва аз Филиппус хоҳиш кард, ки ба ароба савор шуда, бо ӯ бинишинад.


Ғуломоне ки зери юғ мебошанд, бояд оғоёни худро сазовори ҳар иззату икром донанд, то ки исми Худо ва таълимоти мо гирифтори мазаммат нашавад.


Ҳеҷ кас дар тамоми айёми умрат қодир нахоҳад буд, ки пеши ту истодагӣ намояд; чунон ки бо Мусо будам, бо ту низ хоҳам буд; туро бемаҷол нахоҳам гардонид ва тарк нахоҳам кард.


Ман, охир, ба ту чунин амр фармудаам: қавӣ ва далер бош, натарс ва ҳаросон нашав, зеро ба ҳар ҷое ки биравӣ, Худованд Худои ту бо туст».


Ва яке аз навкарон ба ӯ ҷавоб гардонида, гуфт: «Инак, ман писари Йисои байтлаҳмиро дидаам, ки ба навохтан моҳир, ва шердил, ва марди ҷангӣ, ва хушзабон, ва зеботалъат мебошад, ва Худованд бо ӯст».


Ва Довуд дар ҳамаи роҳҳои худ комьёб мешуд, ва Худованд бо ӯ буд.


Ва Шоул дид ва фаҳмид, ки Худованд бо Довуд аст; ва духтари Шоул Микал ӯро дӯст медошт.


Ва Самуил калон мешуд; ва Худованд бо ӯ буд, ва аз ҳамаи суханонаш чизе зоеъ намерафт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan