Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 39:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва Юсуфро ба Миср бурданд; ва ӯро Фӯтифар ном марди мисрӣ, ки дарбории фиръавн, сардори посбонон буд, аз дасти исмоилиёне ки ӯро ба он ҷо бурда буданд, харид.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 39:1
7 Iomraidhean Croise  

Ва барои нон хӯрдан нишастанд, ва чашм андохта, диданд, ки инак, корвони исмоилиён аз Ҷилъод меояд, ва шутурони онҳо атриёт, баласон ва лодан мекашонанд; мераванд, то ки онро ба Миср бибаранд.


Ва ҳангоме ки тоҷирони мидьёнӣ аз пеши онҳо мегузаштанд, Юсуфро аз чоҳ кашида бароварданд, ва Юсуфро ба исмоилиён ба бист сиккаи нуқра фурӯхтанд; ва Юсуфро ба Миср бурданд.


Ва мидьёниён Юсуфро дар Миср ба Фӯтифар, ки дарбории фиръавн, сардори посбонон буд, фурӯхтанд.


Ва онҳоро дар хонаи сардори посбонон, дар зиндоне ки Юсуф он ҷо бандӣ буд, андохт.


Ва Юсуф ба бародарони худ гуфт: «Наздики ман биёед». Ва наздик омаданд. Ва гуфт: «Ман Юсуф, бародари шумо ҳастам, ки маро ба Миср фурӯхтед.


Замин кафида, Дотонро фурӯ бурд, ва тӯдаи Абиромро пӯшонд.


Сарқабилаҳо аз Юсуф ҳасад бурда, ӯро ба Миср фурӯхтанд; лекин Худо бо ӯ буд


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan