Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 34:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва дилаш ба Дино, духтари Яъқуб баста шуда, ошиқи он духтар гашт, ва суханони дилпазир ба он духтар гуфт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 34:3
11 Iomraidhean Croise  

Ва Шакем, писари Ҳамӯри ҳиввӣ, ки амири он замин буд, ӯро дид, ва ӯро гирифт, ва бо ӯ хобид, ва ба номӯси ӯ таҷовуз кард.


Ва Шакем ба падари худ Ҳамӯр гуфт: «Ин духтарро барои ман ба занӣ бигир».


Ва акнун натарсед. Ман ризқу рӯзии шумо ва кӯдакони шуморо хоҳам дод». Ва онҳоро тасаллӣ дод, ва суханони дилпазир ба онҳо гуфт.


Ва алҳол бархоста, берун ой ва ба навкаронат суханони дилнавоз бигӯй, зеро ба Худованд қасам мехӯрам, ки агар берун наоӣ, имшаб назди ту як нафар ҳам нахоҳанд монд, ва ин барои ту аз ҳамаи фалокатҳое ки аз наврасиат то ҳоло ба сари ту омадааст, бадтар хоҳад буд».


Ва Ҳизқиё ба ҳамаи левизодагоне ки аз хизмати Худованд фаҳми некӯ доштанд, суханони дилҷӯй гуфт; ва ҳафт рӯз хӯроки идона хӯрданд, қурбониҳои саломатӣ забҳ карданд, ва Худованд Худои падарони худро ҳамду сано гуфтанд.


Суханони дилпазир ба Ерусалим гӯед ва ба вай зълон намоед, ки мӯҳлати муборизаи вай пур шудааст, гуноҳаш подош ёфтааст, зеро ки вай барои ҳамаи хатоҳояш аз дасти Худованд дучандон ҷазо дидааст.


Бинобар ин, инак Ман варо мафтун намуда, ба биёбон хоҳам овард, ва суханони дилпазир ба вай хоҳам гуфт.


Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованд, ки ту Маро хоҳӣ хонд: „Ишӣ“, ва дигар Маро нахоҳӣ хонд: „Баалӣ“.


Ва шавҳараш бархоста, аз пушти вай рафт, то ки дили варо ёфта, варо назди худ баргардонад; ва навкараш ва як ҷуфт хараш ҳамроҳи ӯ буд. Вай ӯро ба хонаи падари худ овард, ва падари занак ӯро дида, бо хурсандӣ ӯро пешвоз гирифт.


Онҳо боз овози худро баланд карда, гиристанд. Ва Орфо модаршӯи худро бӯсида, видоъ кард, вале Рут бо ӯ монд;


Ва ҳангоме ки гуфтугӯи ӯ бо Шоул ба анҷом расид, ҷони Йӯнотон бо ҷони Довуд пайваста шуд, ва Йӯнотон ӯро мисли ҷони худ дӯст дошт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan