Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 32:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва Яъқуб пешопеши худ назди бародараш Эсов ба сарзамини Сеир, ба саҳрои Адӯм қосидонро фиристод;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 32:3
23 Iomraidhean Croise  

Ва ҳӯриёнро дар кӯҳи онҳо Сеир то Ил‐Форон, ки дар шафати биёбон аст.


Ва Эсов ба Яъқуб гуфт: «Аз ин оши сурх барои хӯрданам бидеҳ, зеро ки аз гуруснагӣ лакот шудаам». Аз ин сабаб ӯро Адӯм номиданд.


Марҳамат карда, маро аз дасти бародарам, аз дасти Эсов наҷот деҳ; зеро ман аз ӯ метарсам, ки мабодо биёяд ва маро, ва модару фарзандонро зарба занад.


Ва Яъқуб бағоят тарсид ва мушавваш шуд, ва касонеро, ки бо ӯ буданд, ва гӯсфандон ва говон ва шутуронро ба ду бошишгоҳ тақсим кард.


Бигзор оғоям аз бандаи худ пештар биравад, ва ман мувофиқи коре ки маро дар пеш аст, ва мувофиқи қадами бачагон оҳиста‐оҳиста равона мешавам, то ки назди оғоям ба Сеир бирасам».


Ва ҳамон рӯз Эсов роҳи худро пеш гирифта, ба Сеир баргашт.


Валекин Абнир ибни Нир, ки сарлашкари Шоул буд, писари Шоул Ишбӯшетро гирифта, ӯро ба Маҳаноим гузаронид.


Ва Элишоъ дуо хонда, гуфт: «Эй Худованд! Лутфан, чашмони варо бикшо, то ки бубинад». Ва Худованд чашмони навкарро кушод, ва ӯ дид, ва инак, кӯҳ гирдогирди Элишоъ аз аспон ва аробаҳои оташин пур буд.


Ва ин аст шумораи сардорони пешоҳанги лашкар, ки назди Довуд ба Ҳебрӯн омаданд, то ки салтанатро, бар тибқи амри Худованд, аз Шоул ба ӯ бигзаронанд.


Баргард, баргард, эй Шуламит! Баргард, баргард, то ки ба ту назар кунем. Ба Шуламит чӣ назар мекунед, вақте ки ӯ дар миёни ду лашкаргоҳ мерақсад?


Ваҳй дар бораи Думо. Маро аз Сеир фарьёд мекунанд: «Эй посбон! Чӣ посе аз шаб аст? Эй посбон! Чӣ посе аз шаб аст?»


Дар бораи Адӯм Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Оё дигар дар Темон ҳикмат нест? Оё машварат аз соҳибфаҳмон нест шуда, ҳикматашон барҳам хӯрдааст?


Инак, Ман қосиди Худро мефиристам, ва ӯ роҳро пеши Ман холӣ хоҳад кард; ва ногаҳон Худованд, ки шумо толиби Ӯ ҳастед, ба қасри Худ хоҳад омад, ва қосиди аҳд низ, ки шумо муштоқи Ӯ мебошед; инак, меояд, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Ва Адӯм зердаст хоҳад шуд, ва Сеир зердасти душманонаш хоҳад шуд; ва Исроил комьёб хоҳад гардид.


Ва қосидонро пешопеши Худ фиристод; ва онҳо рафта, вориди як қаса баи сомариён шуданд, то ки барои Ӯ тадорук кунанд:


Аз Ҳӯриб, бо роҳи кӯҳи Сеир, то Қодеш‐Барнеа сафари ёздаҳрӯза буд.


Чунон ки Ӯ барои банӣ‐Эсов, ки дар Сеир сукунат доранд, амал кард, яъне ҳӯриёнро аз пешашон несту нобуд кард, ва онҳоро бадар ронданд ва дар ҷояшон то имрӯз сукунат доранд.


Бо онҳо низоъ накунед, зеро ки аз замини онҳо ба андозаи як кафи пой ҳам ба шумо нахоҳам дод, чунки кӯҳи Сеирро ба тасарруфи Эсов додаам.


Ва ҳудуди онҳо чунин буд: аз Маҳаноим тамоми Бошон, тамоми мамлакати Ӯҷ, подшоҳи Бошон, ва тамоми деҳоти Ёир, ки дар Бошон аст, шаст шаҳр.


Ва Яъқуб ва Эсовро ба Исҳоқ додам; ва кӯҳи Сеирро ба Эсов додам, то ки онро ба тасарруфи худ дароварад; ва Яъқуб ва писаронаш ба Миср фурӯд омаданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan