1 Ва Яъқуб роҳи худро пеш гирифт. Ва фариштагони Худо ба ӯ вохӯрданд.
Ва Худованд, чун гуфтугӯро бо Иброҳим тамом кард, бирафт; ва Иброҳим ба макони худ баргашт.
Ва Ривқоро баракат дода, ба вай гуфтанд: «Эй хоҳари мо! Аз ту ҳазорон‐ҳазор таваллуд ёбанд, ва насли ту шаҳрҳои душманони худро мусаххар намояд!»
Ва маро нагузоштӣ, ки набераҳо ва духтарони худро бибӯсам; рафтори беақлонае кардӣ.
Зеро ки бе сабабе барои ман доми худро дар ҳафра пинҳон кардаанд; онро бе сабаб барои ҷонам кандаанд.
Вале шохи маро мисли гови ваҳшӣ баланд кардаӣ; ба худ равғани тоза молидаам;
Хоҳ Павлус, хоҳ Апӯллӯс, хоҳ Кифо, хоҳ ҷаҳон, хоҳ ҳаёт, хоҳ мамот, хоҳ ҳозира, хоҳ оянда — ҳамааш аз они шумост;
То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад,
Ва чӣ қадаре ки аз фариштагон бартарӣ пайдо кард, ҳамон қадар аз онҳо исми аълотаре мерос гирифтааст.