3 Гуфт: «Инак канизи ман Билҳо; бо вай бихоб, то ки бар зонуям бизояд, ва ман низ аз вай фарзанд ёбам».
Ва Леё дид, ки аз зоидан мондааст, ва канизи худ Зилфоро гирифт, ва ӯро ба Яъқуб ба занӣ дод.
Инҳоянд писарони Билҳо, ки варо Лобон ба духтари худ Роҳел дод. Вай инҳоро ба Яъқуб ҷамъ ҳафт нафар зоид.
Ва Юсуф писарони насли сеюми Эфроимро дид, ва писарони Шокир, писари Менашше низ бар зонуҳои Юсуф парвариш ёфтанд.
Чаро зонуҳо маро қабул кард? Ва чаро ба ман сина доданд, ки бимакам?
Тамоми қавме ки назди дарвоза буданд, ва пирон низ гуфтанд: «Шоҳид ҳастем! Бигзор Худованд занеро, ки ба хонаи ту медарояд, мисли Роҳел ва Леё гардонад, ки ҳар дуи онҳо хонаи Исроилро бино кардаанд; ва ту дар Эфрот комьёб шав ва дар Байт‐Лаҳм ном барор.