9 Ва Худованд Худо ба Одам хитоб карда, гуфт: «Куҷоӣ ту?»
Ва Худованд фурӯд омад барои дидани шаҳр ва бурҷе ки фарзандони одам бино мекарданд.
Ва гуфт: «Эй Ҳоҷар, канизи Сорай! Аз куҷо омадӣ, ва куҷо меравӣ?» Вай гуфт: «Ман аз пеши хотуни худ Сорай гурехтам».
Ва ба ӯ гуфтанд: «Зани ту, Соро куҷост?» Гуфт: «Инак, дар хайма аст».
Ва Худованд ба Қобил гуфт: «Бародарат Ҳобил куҷост?» Гуфт: «Намедонам; магар ман посбони бародарам ҳастам?»
Ва ӯ омада, назди оғои худ истод. Ва Элишоъ ба ӯ гуфт: «Аз куҷо омадӣ, эй Ҷеҳазӣ?» Ва ӯ гуфт: «Бандаат ба ҳеҷ ҷо нарафта буд».