8 Ва овози Худованд Худоро шуниданд, ки дар вақти салқинии рӯз дар боғ мегашт; ва Одам ва занаш аз пеши назари Худованд Худо дар миёни дарахтони боғ пинҳон шуданд.
Ва Худованд, чун гуфтугӯро бо Иброҳим тамом кард, бирафт; ва Иброҳим ба макони худ баргашт.
Гуфт: «Чун овозатро дар боғ шунидам, ҳаросон шудам, зеро ки ман бараҳнаам, ва пинҳон шудам».
Абрҳо пардаи Ӯст, ва Ӯ намебинад, ва дар гунбази афлок гардиш мекунад“.
Агар ҷиноятҳои худро ҳамчун одамизод рӯпӯш карда, гуноҳи худро дар синаи худ пинҳон дошта бошам, —
Ва Худованд ба Айюб аз миёни тундбод ҷавоб гардонда, гуфт:
Чашмони Худованд дар ҳама ҷост: бадон ва неконро мушоҳида менамояд.
Агар касе дар ҷои махфие пинҳон шавад, оё Ман варо намебинам? — мегӯяд Худованд. Оё Ман замин ва осмонро пур намекунам? — мегӯяд Худованд.
Ва баландиҳои Овин — ҷои гуноҳи Исроил — маҳв хоҳанд шуд; хору хас бар қурбонгоҳҳои онҳо хоҳад рӯид, ва онҳо ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: «Моро бипӯшонед», ва ба талҳо: «Бар мо биафтед».
Ва дар миёни шумо қадамгузор хоҳам шуд, ва Худои шумо хоҳам буд, ва шумо қавми Ман хоҳед буд.
Ва Юнус бархост, то ки аз пеши Худованд ба Таршиш бигрезад; ва ба Ёфӯ омада, киштие ёфт, ки ба Таршиш рафтанӣ буд, ва киропулии онро дода, савор шуд, то ки ҳамроҳи онҳо аз пеши Худованд ба Таршиш биравад.
Рафторашон нишон медиҳад, ки амали шариат дар дилашон навишта шудааст; виҷдон ва афкорашон низ, ки якдигарро гоҳе айбдор ва гоҳе сафед мекунанд, дар ин бобат гувоҳӣ медиҳанд, —
Зеро ки Худованд Худои ту андаруни ӯрдугоҳи ту қадамгузор аст, то ки туро раҳо намояд ва душманонатро ба дасти ту бисупорад; пас, бигзор ӯрдугоҳи ту муқаддас бошад, то ки Ӯ чизи палиде дар миёни ту дида, аз ту рӯй нагардонад.
Оё қавме овози Худоро, ки аз миёни оташ сухан ронда бошад, шунидааст, — ва зинда мондааст, — чунон ки ту шунидаӣ?
Вале алҳол чаро бимирем? Зеро ки ин оташи бузург моро хоҳад сӯзонид: агар мо боз овози Худованд Худои худро бишнавем, хоҳем мурд.
Ва ҳеҷ махлуқе нест, ки аз Ӯ ниҳон бошад, балки ҳама чиз пеши чашмони Ӯ бараҳна ва ошкор аст: ба Ӯ ҳисобот хоҳем дод.
Ва подшоҳони замин, ва олиҷоҳон, ва сарватдорон, ва мириҳазорон, ва зӯроварон, ва ҳар ғулом ва озод дар мағораҳо ва дараҳои кӯҳҳо пинҳон шуданд,