7 Ва чашмони ҳар дуи онҳо воз шуд, ва донистанд, ки бараҳнаанд, ва баргҳои анҷирро ба ҳам дӯхта, лӯнгиҳо барои худ сохтанд.
Ва ҳар ду, Одам ва занаш, бараҳна буданд, ва хиҷил намешуданд.
Балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд».
Ва ҳангоме ки онҳо ба Сомария расиданд, Элишоъ гуфт: «Эй Худованд! Чашмони онҳоро бикшо, то ки бубинанд». Ва Худованд чашмони онҳоро кушод, ва онҳо диданд, ва инак андаруни Сомария буданд.
Зеро бистар кӯтоҳтар аст аз он ки касе бар он дароз кашад, ва кампал тангтар аст аз он ки касе худро бо он пӯшонад.
Аврати ту ошкор хоҳад шуд, нанги ту низ намудор хоҳад гардид. Ман интиқом хоҳам гирифт, ва касеро рӯихотир нахоҳам кард.
Тори анкабӯти онҳо барои либос кор намеояд, ва онҳо худро бо самари аъмолашон наметавонанд пӯшонанд; аъмоли онҳо аъмоли ҷафост, ва кори ситам дар дасти онҳост.
Ерусалим гуноҳи азиме кардааст, аз ин сабаб кароҳатангез шудааст: ҳамаи онҳое ки варо мӯҳтарам медоштанд, ба вай беэътиноӣ мекунанд, зеро ки урьёнии варо дидаанд; худаш низ оху воҳ мекунад ва рӯ ба қафо мегардонад.
Ва дар дӯзах ӯ, дар ҳолате ки азобу уқубат мекашид, чашм андохта, аз дур Иброҳимро бо Лаъзор, ки дар оғӯшаш буд, дид
Ва дар бораи узвҳое ки наҷобаташон дар бадан ба назари мо камтар аст, бештар ғамхорӣ мекунем;
Ва ту аз он чи чашмонат мебинад, девона хоҳӣ шуд.
То ки наслҳои банӣ‐Исроил дониш пайдо карда, бурдани ҷангро таълим гиранд, яъне онҳое ки пештар онро намедонистанд: