Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳастӣ 3:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ба зан гуфт: «Ранҷи туро дар ҳомиладории ту бисьёр афзун мегардонам; бо дард фарзандон хоҳӣ зоид; ва иштиёқи ту ба шавҳарат хоҳад буд, ва ӯ бар ту ҳукмронӣ хоҳад кард».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳастӣ 3:16
30 Iomraidhean Croise  

Агар некӣ мекардӣ, оё мақбул намешудӣ? Ва чун некӣ накардӣ, гуноҳ дар сари остона аст, ва иштиёқманди туст, вале ту бар вай ҳукмфармо шав».


Ва Яъбис аз бародарони худ мӯҳтарамтар буд, ва модараш ӯро Яъбис ном ниҳода, гуфт: «Зеро ки ман ӯро бо андӯҳ зоидаам».


Ва фармони подшоҳ ба самъи мардум расида, дар тамоми мамлакати ӯ, ҳарчанд ки азим аст, асар хоҳад бахшид, ва ҳамаи занон ба шавҳарҳои худ аз бузург то хурд қадрдонӣ хоҳанд кард».


Чаро дар айёми бадкеш тарсон бошам, вақте ки гуноҳи дунболагирҳоям маро иҳота мекунад?


Ва онҳоро воҳима мегирад, ба дарду озорҳо гирифтор мешаванд, мисли зане ки мезояд, азоб мекашанд, ба якдигар бо ҳайрат нигоҳ мекунанд, рӯйҳошон аз ҳаяҷон шӯълавар аст.


Аз ин рӯ камари маро ларза гирифтааст; дарде, мисли дарди зане ки мезояд, маро дар бар гирифтааст; аз он чи мешунавам, печутоб мехӯрам, ва аз он чи мебинам, ҳаросон шудаам.


Ӯ аз заҳмати ҷони Худ самар дида, қонеъ хоҳад шуд; Бандаи Одили Ман бо дониши Худ мардуми бисьёреро сафед хоҳад кард, ва гуноҳҳои онҳоро бар дӯши Худ хоҳад бардошт.


Ту чӣ хоҳӣ гуфт, чун Ӯ туро танбеҳ намояд? Худат, охир, онҳоро омӯхта кардаӣ, ки бар ту сардор бошанд; оё дардҳо туро, мисли зане ки мезояд, фаро намегирад?


Эй, ки бар Лубнон нишастаӣ, ва бар арзҳо лона сохтаӣ! Вақте ки дардҳо мисли азоби зане ки мезояд, туро фаро гирад, чӣ қадар оҳу воҳ хоҳӣ кард!»


Зеро овозе ба гӯшам мерасад, мисли фарьёди зане ки дарди зоиш дорад ва ҳамчун зани навзой азоб мекашад, яъне овози духтари Сион, ки базӯр нафас гирифта ва дастҳои худро дароз карда, фиғон мекашад: «Эй вой бар ман, ки ҷонам аз дасти қотилон бемаҷол шудааст!»


Димишқ аз рӯҳ афтодааст, рӯ ба гурез овардааст, ва онро ларза гирифтааст; азобу дардҳо онро, мисли зане ки мезояд, дар бар гирифтааст.


Овозаи варо шунидем, ва дастҳои мо суст шуд: азоб ва дард моро, мисли зане ки мезояд, дар бар гирифт.


Ва агар шавҳари вай, дар рӯзе ки шунид, онҳоро ботил кунад, — ҳар қавле ки дар бораи назрҳояш ва манъи нафсаш аз даҳони вай баромадааст, қоим нахоҳад буд; шавҳараш онҳоро ботил намудааст, ва Худованд варо хоҳад омурзид.


Зан ҳангоми зоидан ғамгин аст, чунки соати вай расидааст; лекин чун кӯдакро зоид, ғамашро фаромӯш мекунад ба сабаби шодии он ки одаме дар ҷаҳон таваллуд ёфт.


Ҳамчунин мехоҳам бидонед, ки сардори ҳар мард Масеҳ аст, сардори зан шавҳари ӯст, ва сардори Масеҳ Худост.


Бигзор занони шумо дар калисоҳо хомӯш бошанд; зеро ҷоиз нест, ки сухан ронанд, балки бояд мутеъ бошанд, чунон ки Таврот низ мегӯяд.


Завҷа бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они шавҳар аст; ҳамчунин шавҳар бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они завҷа аст.


Эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, чунон ки дар Худованд муносиб аст.


Чун бигӯянд: «Осоиштагӣ ва амният», — он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор хоҳанд шуд, мисли он ки зани ҳомиладор ба дарди зоиш дучор мешавад, ва ба ҳеҷ ваҷҳ халос нахоҳанд шуд.


Зеро ки аввал Одам офарида шудааст, ва баъд аз ӯ Ҳавво;


Лекин вай ба воситаи бачазоӣ наҷот хоҳад ёфт, агар дар имон ва муҳаббат ва кудсият бо исмат қоим бошад.


Боисмат, пок, ғамҳори хона, некдил ва мутеъ ба шавҳарон бошанд, мабодо каломи Худо хор дошта шавад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan